Як додраси Додгоҳи иқтисодии вилояти Бадахшонро аз мақом барканор кардаанд.
Ҷамшед Носирӣ ба "кирдоре" муттаҳам шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад".
Фармони раиси ҷумҳурӣ дар ин маврид рӯзи 6-уми июл нашр шуд, вале тафсилоташ дастрас нест. Назари худи ӯ ва ё афроди наздикаш низ маълум нест.
Ҷамшед Носирӣ моҳи ноябри соли 2021 додраси Додгоҳи иқтисодии ВМКБ таъин шуд. Аз он пеш дар Додгоҳи иқтисодии Суғд кор мекард.
Дар даҳ соли охир дастикам сӣ додрасро бо айби "паст задани шаъну этибори судя" аз кор рондаанд. Баъзе аз ин додрасҳо ба гуноҳи ришваситонӣ маҳкум шуданд.
Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон мегӯяд, маоши ками додрасҳо дар Тоҷикистон заминаро "барои коррупсия фароҳам мекунад".
Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд. Мақомот Додгоҳро як шохаи мустақил медонанд, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, низоми додгоҳӣ пойбанди ҳукумати иҷроия буда, мустақил нест.