Суҳбати Раҳмон ва Мирзиёев дар бораи Қарақалпоқистон. ВИДЕО

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайванд ба ҳодисаи Қарақалпоқистон, ки даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт, ибрози назар кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми июл дар суҳбати телефонӣ бо президенти Узбекистон, Шавкат Мирзиёев, гуфтааст, "аз талошҳои роҳбарияти Узбекистон барои ба эътидол овардани вазъ дар Қарақалпоқистон" ҷонибдорӣ мекунад.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, тарафҳо "амнияти минтақаӣ ва ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ" низ баррасӣ карданд. Тафсилоти суҳбат маълум нест.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, дар ҷараёни нооромиҳои 1 ва 2-юми июл дар Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон 18 кас кушта, беш аз 243 нафар захмӣ ва зиёда аз 500 тан дастгир шуданд.

Мардум мегӯянд, ба зидди ислоҳи Конститутсияи Узбекистон, ки мустақилии онҳоро аз байн мебурд, тазоҳурот карданд. Мақомот онро ғайриқонунӣ ва кӯшиши ғасби идораҳои давлатӣ номиданд. Тарҳи нави Конститутсияи Узбекистон 26-уми июн ба баррасии умум гузошта шуд.

Иттиҳоди Аврупо дар изҳороте рӯзи 4-уми июл хост, тазоҳуроти олуда ба хушунат дар Қарақалпоқистон мустақилона таҳқиқ шавад. Дар изҳорот аз "ҳамаи ҷонибҳо" хостаанд, ки хештандорӣ нишон дода, аз хушунатҳо дар оянда пешгирӣ кунанд.

Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Узбекистон даъват кардааст, тибқи масъулиятҳои байнулмилалии худ риояи ҳуқуқи одамон ва бахусус ҳуқуқи бунёдӣ ба озодии баёну гирдиҳамоиро замонат бидиҳанд.

Дар Қарақалпоқистон чӣ гузашт? Инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

18 кушта ва 243 захмӣ дар Қароқалпоқистон

Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон дар ҳудуди Узбекистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави ин кишвари Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.