Порлумони Қазоқистон ирсоли неруҳои посдори сулҳи ин кишварро дар доираи маъмурияти СММ ба давлатҳои африқоӣ иҷозат дод.
Бо пешниҳоди президенти Қазоқистон иштироки неруҳои мусаллаҳи он кишвар дар доираи маъмурияти СММ дар кишварҳои Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Конго ва Малӣ густариш дода хоҳад шуд.
Руслан Жаксиликов, вазири мудофиаи Қазоқистон гуфт, 430 низомии қазоқистонӣ ба кишварҳои африқоӣ ирсол мешаванд.
"Дар пайи мураккабтар шудани вазъи дунё президенти Қазоқистон бар ин назар аст, ки афзоиши теъдоди неруҳои посдори сулҳи Қазоқистон дар доираи маъмурияти СММ ҳадафмандона хоҳад буд", - гуфт Жаксиликов.
Ба иттилои вазорати мудофиаи он кишвар, шуруъ аз соли 2014 45 афсари қазоқистонӣ дар доираи маъмурияти СММ дар Сахараи Ғарбӣ, Кот-д’Ивуар ва Лубнон ба ҳайси нозири низомӣ ва афсари ситод фаъолият кардаанд. Ҳамчунин шуруъ аз соли 2018 дар доираи "Неруҳои муваққати СММ дар Лубнон" 520 низомии қазоқистонӣ иштирок кардаанд.