Дар ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон 232 кас ҷон бохта, шаш нафар дар натиҷаи шиканҷа ҳалок шудаанд. Дар ин бора Асет Чиндалиев, муовини додситони кулли Қазоқистон, рӯзи 29-уми июн хабар дод.
Чиндалиев афзуд, ба гумони шиканҷа кардани боздоштшудаҳои ҳодисаҳои моҳи январ 9 корманди мақомоти қудратӣ дастгир шудаанд.
Аз ин шумора 8 нафар корманди Кумитаи амнияти миллӣ ва як тан пулис ҳастанд. Мақомоти тафтишотии Қазоқистон дар умум 15 касро дар истифодаи шиканҷа гумонбар мекунанд.
Пештар мақомоти Қазоқистон мегуфтанд, ки дар ҳодисаҳои моҳи январ 230 тан фавтидааст.
То кунун рӯйхати пурраи фавтидаҳои ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон нашр нашудааст. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, рӯзи 5-уми июн ваъда дод, ки рӯйхат нашр карда мешавад.