"Дар як маҳалла 19 ҷавонро кушта, зери хок карданд" ВИДЕО

Вайронаҳои шаҳри Ирпин

Нерӯҳои Русия дар оғози ҳамла ба Украина асосан шаҳри Киев ва минтақаҳои атрофи онро нишон гирифтанд. Яке аз чунин маҳалҳо, ки аз тири тӯпу тонки Русия хароб гашт, шаҳри Ирпин аст ва он дар 20-километрии пойтахти Украина воқеъст.

Аксар сокинони Ирпин ба муҳофизати ватани худ бархоста, бархеи дигар ба монанди Олга Овчаренко ва хонаводааш тасмим гирифтанд, маҳалли зисти худро тарк кунанд. Овчаренко мегӯяд, баъди мушакборон маҷбур шуд, бо ҳамсару духтараш биравад.

“Он лаҳза танҳо дар фикри наҷоти духтарам будем. Ба ӯ гуфтем, агар ҳодисае рӯй дод, зуд худашро аз мошин ба берун партояд ва украиниҳо ё шахсони кӯдакдорро ёбад. Онҳо мадад мекунанд,” – нақл кард ин сокини Ирпин.

Он рӯз Олга ва хонаводааш фикр мекарданд, ки сафарашон дигар бебозгашт аст. Бинобар ин, модараш Мария Боваленкоро низ ба фирор аз хона маҷбур кардаанд.

"Аслан фикр намекардам, ки одамон ба чунин амалҳои ғайриинсонӣ қодир бошанд. Фикр мекардам, ин вазъ зиёд тӯл намекашад ва ба ҳар ҳол аз ин ҷо мераванд," – мегӯяд хонум Боваленко.

Наворро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокинони Ирпин ба хонаҳои вайронашон бармегарданд

Баъди чанде онҳо тасмим гирифтанд, дигар ба фирору оворагардӣ поён диҳанд ва ба маҳалли зисти пешинаашон баргаштанд. Ба хонае, ки ба харобазор табдил шудааст.

Слава Овчаренко, шавҳари Олга, мегӯяд, “низомиёни рус ба касеву чизе раҳм накарданд. Бучаи ҳамсоя майдони даргириҳо буд. Ҷанги даҳшатноке шуд. Ман камаш 23 зарбаи тӯпхонаро ҳисоб кардам."

Аммо фоҷеаи аслӣ сарнавиштҳои шикаста ва одамони нобудшуда ҳастанд. Слава мегӯяд, нерӯҳои Русия 19 ҳамсояи ҷавони онҳоро куштанд. “Онҳоро дар як гӯри дастҷамъӣ дафн кардаанд,” – афзуд ӯ.

Сокинон намедонанд, кай сулҳу оромӣ ба зодгоҳашон бармегардад. Онҳое, ки ба монанди Олга Овчаренко ба ватани худ баргаштаанд, умед доранд, рӯзе хонаҳои худро аз нав месозанду ба зиндагии пешина бармегарданд. Ҳарчанд аз ҳоло медонанд, ки чандон саҳл нахоҳад буд.

Нерӯҳои Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бедалел ба хоки Украина ҳамла карданд. Аз он замон то ҳоло ҷанг идома дорад. Аз ҳарду тараф ҳазорҳо кас кушта ва миллионҳо сокини Украина беҷову овора ва паноҳанда шудаанд.

Маскав борҳо ҳамлаашро “амалиёти вижа” барои ғайринизомӣ кардани Украина номидааст. Киев ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовуз ба хоки Украина дониста, алайҳи Кремлин ва мансабдорону сарватмандони рус таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.