Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони тоҷик аз ҷанги Русия бо Украина гила карданд. ВИДЕО


Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи молу маҳсулот бо ҳузури 70 ширкату корхонаи мухталиф баргузор шуд, ки дар назар аст, то ду рӯзи дигар идома ёбад. Дар рӯзи нахусти ин намоишгоҳ ҳузури сокинон камранг буд. Баъзе тоҷирон корҳои сусти тарғиботӣ ва бархе дигар коҳиши қудрати харидории сокинон ва таваҷҷуҳи мардум ба чунин чорабиниҳоро далел оварданд.

Ташаббускорони намоишгоҳ изҳори умедворӣ намуданд, ки дар рӯзҳои баъдӣ шумори боздидидкунандаҳо афзоиш меёбад ва баргузории он ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ба қавли Мавзуна Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ, баланд бардоштани рушди иқтидори содиротии кишвар, дарёфти шарикони нав ва таъсиси корхонаҳои муштарак аст.

Рушди иқтидори содиротии кишвар аз роҳи ташкили намоишгоҳ дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон аксари молу маҳсулоти ниёзи аввалияи худро аз хориҷа ворид мекунад ва то ҳол натавонистааст тавозуни содироту воридотро баробар кунад. Ҳамин мушкил яке аз сабабҳои ба қавли иқтисоддонҳо, пойбандии сахти кишвар аз бозори беруна шудааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Соҳибкорони тоҷик аз ҷанги Русия бо Украина гила карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Дар намоишгоҳи рӯзи 24-уми июн бархе тоҷирон гуфтанд, ҷанги Русия бо Украина ва тағйиротҳо дар бозори беруна ба корашон таъсир манфӣ гузоштааст ва дар чунин шароит роҳандозии содироти маҳсулоташон ба берун осон нест.

Азимхуҷа Раҳимов, намояндаи ширкати “Артел-Авесто электроникс", рӯзи 24-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт," ин ҷанг (ҷанги Русия бо Украина) ба тиҷорати мо хеле таъсир кард. Савдо наздик ба 40 дарсад кам шуд ва истеҳсолот ҳам дар натиҷа кам гардид."

Корхонаи "Моҳир семент"-и Ёвон маҳсулоти худро ба ин намоишгоҳ овардааст, то бештар муаррифӣ гардад. Сафархол Ҳомидов, муовини раҳбари корхона ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба кишварҳои Узбекистону Афғонистон семент содир мекунанд ва ҷанг дар Украинаву дигаргуниҳои низоми бонкӣ ба фаъолияташон бетаъсир намонд. "Баъзе конвертатсияи пулҳо нашуду савдо ҳам кам шуд.",-афзуд, Сафархол Ҳомидов.

Дар намоишгоҳ сокинон мепурсиданд, ки вақте нархҳо боло равад, тоҷирон сабабро афзоши қурб мегӯянд ва ҳоло чаро бо вуҷуди коҳиши назарраси қурби доллар нархҳо ҳамоно бетағйр боқӣ мондааст? Аз посух ба ин пурсиш чанде аз тоҷирон худдорӣ намуданд. Бархе дигар гуфтанд, бо поин шудани қурби доллар арзиши маҳсулоташонро арзон намудаанд.

"Мо ба истеҳсолу фуруши чой машғул ҳастем, бо дигар ширкату кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорем, нархҳо вобаста ба навъашон гуногун аст, вақте қурби доллар поин рафт, мо ҳам нархи маҳсулотамонро 10-15 дарсад поин бурдем.",-афзуд, Алиҷон Ҷӯраев, намояндаи ширкати "Бета- Тоҷикистон".

Онҳое, ки аз маҳсулоти пешниҳодшуда дар намоишгоҳ харидорӣ карданд, мегӯянд, на дар бозор ва дар дар ин ҷо поинравии нархро эҳсос накарданд. Тутинисо Алимова, сокини шаҳри Душанбе бар ин назар будааст, ки дар намоишгоҳ молу маҳсулотро нисбатан бо нархи арзон меёбад, вале баръакси онро мушоҳида кардааст.

Ӯ таъкид намуд, "нархҳои чизҳое, ки мо харидем, ҳамааш нархи бозор буд. Помидор дар бозор ҳам 5 сомонӣ аст, чой ин ҷо 12 сомонӣ, дар бозор ҳам кофта бароед, меёбед, дар ҳама ҷо нарх ҳамин аст, чанд вақт боз қурби доллар поён меравад, лекин ҳанӯз ҳам гаронист."

Ҳарчанд мақомот ҳадаф аз ташкили намоишгоҳҳоро муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва ҷалби сармояву таъсиси корхонаҳои нав мегӯянд, вале қатъи кори соҳибкорон, фазои номусоиди соҳибкорӣ ва меъёри баланди андозҳо аз мушкилиҳоеянд, ки пайваста дар доираи тоҷирону коршиносон садо медиҳад.

XS
SM
MD
LG