Раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон ба таҳқиқи марги баҳсбарангези як зани ҷавон дар Файзобод оғоз кардааст. Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳро бо 26 зарби корд рӯзи 22-юми июни соли 2021 дар манзили иҷорааш дар ноҳияи Файзобод ёфтанд. Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст. Наздиконаш бовар надоранд.
Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора, мегӯяд, як сол боз даҳҳо мактуб навишта, аз мақомот тафтиши одилонаи марги духтарашро хостааст.
Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн дар номае ба ӯ гуфтаанд, “ҳама ваҷҳҳои пешниҳодшуда тафтиш хоҳад шуд.”
Падари Манора пойфишорӣ дорад, ки “ҳеч кас наметавонад бо 26 зарби корд худашро бикушад, аз ин рӯ, мақомот инро дақиқ кунанд.”
“Духтари ман аз сӯзандору метарсид. Худаш хоҳари шафқат буд, вале агар як сӯзандору мезад, метарсид. Чӣ хел худаш ба гарданаш 14 кордча задааст? Ду кордча дар тарафи чап, ду кордча дар тарафи рост, ду кордчаи дигар дар шикам, панҷ кордча дар як даст, як кордчаи дигар дар дасти дигар мезанад? Агар худкушӣ мекард, худашро дар ташноб фалақ мекашид,” -- гуфт ӯ рӯзи 29-уми июн.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муфаттишон ба зангҳои мо посух надоданд, то парвандаро шарҳ диҳанд. Мақомот пештар гуфта буданд, ташхисҳои батакрор худкушии зани ҷавонро “дар ҳолати сахти ҳаяҷони рӯҳӣ”-ро собит кардааст ва иддаои кушта шудани ӯ асос надорад. Абдуфаттоҳ Мисоқов мегӯяд, ҳатто барои ба худкушӣ расондан низ касеро ҷавобгар накарданд.
“Ягон чора надиданд. Бар асоси қисми яки моддаи 109, яъне худкушӣ парванда кушоданд, вале касеро гумонбар накарданд,” -- гуфт ӯ.
Аз Манора се фарзанд мондааст, ки онҳоро додгоҳ ба хонаводаи шавҳараш супурдааст. Замони ҳодиса шавҳараш дар Русия буд. Хонаводаи шавҳараш аз суҳбат дар ин бора худдорӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон куштор ё худкушӣ дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ зиёд рӯй медиҳанд. Дар бештари маврид мақомот шахсеро барои "ба худкушӣ расонидан" ба ҷавобгарӣ мекашанд. Дар баъзе ҳолати дигар, нафаре, ки худашро куштааст, "бемори равонӣ" номида мешавад.