Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, саҳми муҳоҷирони кории тоҷикро дар иқтисоди кишвараш “муҳиму чашмрас” арзёбӣ кард.
Ӯ дар ин бора рӯзи 28-уми июн ва дар мулоқоти расмияш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гап зад.
Ба навиштаи сомонаи расмии президенти Русия, Путин муҳоҷиронии кории тоҷикро “пули зиндаи дӯстӣ” байни ду кишвар номид. Вай гуфт, онҳо дар рушди иқтисоди Русия саҳми чашмрас доранд.
Ин тавсифи Путин аз муҳоҷирони тоҷик дар ҳолест, ки шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон аз монеаву мушкилот дар кор ва зиндагии худ дар Русия шикоят доранд.
Муҳоҷирон мегӯянд, дар пайи оғози ҷанги Русия дар Украина ва таҳримҳои Ғарб кору зиндагӣ дар ин кишвар мушкилтар шудааст.
Ҳар сол садҳо нафар дар ҷустуҷӯйи кору зиндагии муносиб аз Тоҷикистон ба Русия мераванд. Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол беш аз 60 ҳазори онҳо ба ватан баргаштаанд.