Додгоҳи шаҳри Бишкек раисиҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро, ки ба барангехтани тазоҳуроти хушунатбор дар соли 2020 муттаҳам мешуд, бегуноҳ донист.
Додгоҳ гуфтааст, иддао дар бораи ӯ ва шаш ҳамроҳи дигараш, ки дар беназмиҳои оммавӣ, ҳифзи ғайриқонунии аслиҳа ва таҳдид ба мақомоти интизомӣ муттаҳам мешуданд, собит нашуд.
Пештар аз ҳукми додгоҳ дар рӯзи 28-уми июн додситонҳо тақозо доштанд, ки Алмосбек Отамбоев ба 12 сол зиндон ва ҳамроҳонаш аз 7 то ба 9 соли зиндон маҳкум шаванд.
Алмосбек Отамбоевро соли 2020 бо гуноҳи раҳоии ғайриқонунии Азиз Батукаев, як ҷинояткори бонуфузи бадном дар Қирғизистон ба 11 сол зиндон маҳкум карда буданд.
Тарафдоронаш Отамбоевро ҳангоми тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар моҳи октябри соли 2020 аз зиндон раҳо карданд. Ин тазоҳурот баъди интихоботи порлумонӣ сурат гирифт, чун бисёриҳо мегуфтанд, дар он таққаллуби зиёд шудааст.
Отамбоев ва ҳамроҳонаш ба тазоҳургарон пайвастанд, вале баъдан ӯ дигарбора дастгир ва ба зиндон баргардонда шуд.
Сиёсатмадори 65-сола айни замон барои ду беназмӣ дар қароргоҳаш дар Бишкек ва сарпечӣ аз се даъват ба Вазорати корҳои дохилӣ барои бозпурсӣ дар бораи парвандаи раҳоии Батукаев муҳокима мешавад.