Рӯзи 28-уми июн аъзои Сенати Қазоқистон лоиҳаи қонунро дар бораи “муқовимат ба фаъолияти пирамидаҳои молиявӣ” баррасӣ карданд.
Он ҷавобгариро барои эҷоди пирамидаҳои молиявӣ шадидтар карда, барои таблиғи онҳо ҷавобгарии ҷиноиро дар назар дорад. Қонун барои имзо ба президенти он кишвар фиристода шуд.
Дар сурати қабули лоиҳаи қонун, барои таблиғи пирамидаҳои молиявӣ аз 1000 то 3000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (то 9,1 миллион танга) ҷарима пешбинӣ мешавад. Дигар намуди ҷазо то 1200 соат корҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз се то панҷ сол маҳрум кардан аз озодӣ мебошад. Қарор аст, барои таъсис ва идораи аҳромҳои молиявӣ муҷозот то 12 соли зиндон (ҳоло то 10 сол) ҷорӣ карда шавад.
Пешниҳодҳо дар бораи ҷорӣ кардани ҷавобгарии ҷиноӣ барои шахсиятҳои ҷамъиятӣ барои таблиғоти пирамидаҳои молиявӣ пас аз оғози парвандаи ҷиноии марбут ба аҳромҳои молиявӣ алайҳи вайнерҳои маъруф бештар садо дод. Ба гуфтаи муфаттишон, вайнерҳо дар таблиғоти ширкати Mudarabah Capital ширкат карда, ҳамчун шарикони он даромад мегирифтаанд.
Моҳи апрел сокини шаҳри Алмаато Боғила Досмаилова, ки дар ин қазия ҷабрдида эътироф шуда буд, бо нишони эътироз аз рафти тафтишот худро назди бинои ВКД дар шаҳри Нур-Султон оташ зад.
Қаблан вай изҳор дошта буд, ки муовини сардори раёсати пулиси Алмато Рустам Абдураҳмонов “барои бастани парвандаи ҷиноӣ шитоб мекунад” ва талаб кард, ки вайнерҳо Мейрҷон Турабоев ва Мейирхон Шерниёзов, ки ширкати Mudarabah Capital-ро таблиғ мекарданд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ба иттилои пулиси Алмаато, Турабоев ва Шерниёзов дар ин парванда ҳамчун гумонбар шинохта шудаанд.
Тафтишотро шӯъбаи тафтишотии Раёсати пулиси Алмато бар асоси моддаи "Таъсис ва идоракунии пирамидаи молиявӣ (сармоягузорӣ)” анҷом медиҳад. Мейрҷон Турабоев ва Мейрхон Шерниёзов дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд. Бино ба маълумоти Оҷонсии мониторинги молии Қазоқистон, то 15 июн беш аз 17 000 шаҳрванди Қазоқистон ба аҳромҳои молӣ ҳудуди 27 миллиард танга сармоягузорӣ кардаанд.