Путину Раҳмон дар Душанбе аз чӣ гуфтанд? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бино ба иттилои расмӣ, раҳбарони Тоҷикистону Русия дар Душанбе вохӯрда, аз тақрибан 50 дарсад афзудани тиҷорат дар панҷ моҳи охир гуфтаанд, аммо шарҳ надодаанд, ки он чӣ гуна ба даст омад.

Қисми бештари ин давра ба замони ҳамлаи Русия ба Украина ва таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав рост меояд. Дар мулоқот вазъияти Афғонистон ва ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо он кишвар низ баррасӣ шудааст.

Хабари алтернативӣ аз мулоқоти Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дастрас нест.

Раисиҷумҳури Русия дар сафари нахустинаш, аз замони ҳамлаи Маскав ба Украина, бегоҳи 28-уми июн ба Тоҷикистон омад.

Як мушовири президенти Украина дар остонаи ин сафар ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба фиреби таҳримҳои Ғарб ба Маскав ёрӣ накунад. Урмас Пает, намояндаи Эстония дар порлумони Аврупо, низ 27-уми июн аз Тоҷикистон хостааст, Путинро мизбонӣ накунад.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибҳо ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд. "Ба рушди вазъият дар Афғонистон ва вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд," – афзудааст манбаъ.

Ба хабари Кремлин, ин мулоқот хеле пештар баргузор мешуд, аммо "ба сабаби пандемияи коронавирус" ба таъхир уфтода буд. Путин гуфтааст, масъалаҳои зиёде ҳаст, ки бояд дар борааш гап зананд. На ҷониби Русия ва на ҷониби Тоҷикистон ин масъалаҳоро зикр накардаанд.

Пештар коршиносон дар Тоҷикистону Русия тахмин заданд, ки Путину Раҳмон дар баробари вазъияти Афғонистон, эҳтимоли давр задани таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав ва интиқоли қудрат дар Тоҷикистонро баҳс кунанд. Чизе, ки расман тасдиқ ё инкор нашудааст.