Туркия ба далели вобастагии энержиаш зидди Русия таҳрим эълом намекунад

Иброҳим Калин

"Ҷорӣ кардани таҳрим зидди Русия ба иқтисоди Туркия зиён мерасонад," -- гуфт Иброҳим Калин, намояндаи президенти Туркия.

Анкара манфиатҳои худро ҳифз мекунад ва ба ҳамин хотир ба маҳдудиятҳое шомил нашуд, ки баъди ҳамлаи Русия ба Украина бисёре аз кишварҳои зидди Русия ҷорӣ карданд. Ба гуфтаи Калин, Ғарб ин мавқеъро дарк кард.

Намояндаи Анкара гуфт, ки Туркия аз манобеи энержии хориҷӣ вобастагӣ дорад ва ба ҳамин хотир "муносибатҳояшро ҳам бо Русия ва ҳам бо Эрон густариш медиҳад".

Зидди Русия баъди ҳамлааш ба Украина, кишварҳои Ғарб шаш бастаи таҳримҳоро ҷорӣ карданд. Бархе аз кишварҳо маводи сӯхти Русияро таҳрим карданд.

Интизор меравад, ба зудӣ воридоти тилои Русия ҳам маҳдуд шавад. Ба иттилои сарвазири Бритониё, Борис Ҷонсон, ин маҳдудият ба ҷайби олигархҳои Русия зарба мезанад, ки вақтҳои охир сармояи худро ба тило табдил медиҳанд.

Ҷонсон гуфт, маҳдудияти воридоти тилои Русия ба "мошинаи низомии Путин" низ таъсир мерасонад.