Сухангӯйи Кремлин гуфт, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 28-уми июн бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе вомехӯрад.
Ба гузориши РИА Новости, Дмитрий Песков рӯзи 27-уми июн ба хабарнигорон гуфтааст, раҳбарони ду кишвар мулоқоти "як ба як" хоҳанд дошт, вале нагуфтааст, ки дар бораи чӣ гап мезананд.
Ҷониби Тоҷикистон низ барномаи сафари Путинро ба Душанбе ошкор накард. Ин номуайянӣ фарзияҳоеро дар бораи сафари аввалини хориҷии Путин аз замони ҳамлаи бедалели кишвараш ба Украина ба бор овардааст.
Путин ва Раҳмон бори охир 16-уми майи имсол, дар ҳошияи нишасти сарони СПАД ва ҳамагӣ ду рӯз пеш аз амалиёти мақомот дар ноҳияи Рӯшон дар Маскав суҳбат доштанд.
Ба хабари расмӣ, онҳо ҷараёни иҷрои таҷдид ё азнавсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва вазъ дар сарҳади Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
Русияву Тоҷикистон, ду кишвари пасошӯравӣ, ки ба нақзи ҳуқуқи одамон ва саркӯби мухолифон муттаҳам ҳастанд, солҳо боз шарики стратегиянд.
Ду кишвар дар моҳҳои охир аз афзоиши додугирифт мегӯянд, вале ҷузъиёт намедиҳанд. Қурби рубли русӣ дар ҳафтаҳои охир дар Тоҷикистон дар муқоиса ба доллар рӯ ба боло ниҳодааст.
Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору таҳсил мекунанд. Русия дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад.