Расонаҳои Русия рӯзи 26-уми июн хабар доданд, ки Владимир Путин, президенти он кишвар, ҳафтаи оянда ба Душанбе меояд.
Дар барномаи "Москва. Кремл. Путин" дар телевизиони "Россия 1" рӯзи якшанбе гуфтанд, Путин бо раисиҷумҳури Тоҷикистон "гуфтугӯи муҳим" ва хӯроки нисфирӯзии корӣ хоҳад дошт.
Мавзӯи суҳбати раҳбарони Тоҷикистону Русия маълум нест. Душанбе дар бораи сафари Путин тафсилот надодааст.
Ин сафари нахустини хориҷии Путин аз замони ҳамлаи бедалели кишвараш ба Украина дар 24-уми феврали имсол хоҳад буд. Дар ин ҷанг, ки ҳанӯз идома дорад, ҳазорҳо кас кушта ва миллионҳо нафар беҷову овора шудаанд.
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон бори охир 16-уми майи имсол, дар ҳошияи нишасти сарони СПАД ва ҳамагӣ ду рӯз пеш аз амалиёти мақомот дар ноҳияи Рӯшон дар Маскав суҳбат доштанд.
Ба хабари расмӣ, онҳо ҷараёни иҷрои таҷдид ё азнавсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва вазъ дар сарҳади Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
Русияву Тоҷикистон, ду кишвари пасошӯравӣ, ки ба нақзи ҳуқуқи одамон ва саркӯби мухолифон муттаҳам ҳастанд, солҳо боз шарики стратегиянд.
Ду кишвар дар моҳҳои охир аз афзоиши додугирифт мегӯянд, вале ҷузъиёт намедиҳанд. Қурби рубли русӣ дар ҳафтаҳои охир дар Тоҷикистон дар муқоиса ба доллар рӯ ба боло ниҳодааст.
Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору таҳсил мекунанд. Русия дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад.