Ҳодисаи Ослоро ҳамлаи эҳтимолии "террористони исломӣ" меноманд

Осло

Дар Норвегия маросими ёдбуди қурбониёни тирпаронии 25-уми июн дар Осло баргузор хоҳад шуд.

Бар асари ҳамла ба се маҳал, аз ҷумла як клуби ҳамҷинсгароён, 2 нафар кушта ва 21 кас маҷруҳ шуданд.

Мақомоти Норвегия ин рӯйдодро ҳамлаи эҳтимолии "террористони исломӣ" меноманд.

Ба гузориши расонаҳои давлатии Норвегия, намояндаи калисои Осло, Кристин Гунлейксруд Раум, гуфтааст, "ин ҳодиса ҷомеаи моро ба ларза овард."

Тирпарронӣ сабаб шуд, ки пулис ҳамоиши ҳамҷинсгароёнро, ки қарор буд, дар Осло баргузор шавад, бекор кард.

Гумонбарро пас аз чанд лаҳзаи ҳодиса дастгир кардаанд. Аз ӯ як марди 42-солаи норвежии эрониасл ном бурда мешавад.