Дар натиҷаи сӯхтор дар корхонаи "Uzbekistan GTL" дар ноҳияи Гузари вилояти Қашқадарёи Узбекистон ду корманд бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бистарӣ шуданд.
Пизишкони бемористони "Роҳи оҳани Қаршӣ" ба тасдиқи хабар гуфтанд, ду корманди ширкатро бо нишонаҳои сӯхтагӣ бистарӣ кардаанд.
Як корманди ширкат ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҳодиса 18 июни имсол рух додааст.
“Як дастгоҳ таркид ва сӯхтор шуд. Ду нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҳастанд. Раиси “Узбекнфтегаз” Меҳриддин Абдуллоев як рӯз баъд ба маҳалли ҳодиса омад. Мақомот ҳушдори сахт доданд, ки дар бораи ҳодиса бо касе гап назанем," -- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Масъулони ширкати “Uzbekistan GTL” бо нашри иттилоияе гуфтаанд, дар натиҷаи сӯхтор ягон корманд осеб надидааст. Дар ширкат низ нахостанд ба суоли рӯзноманигорон, ки чаро осебдидаҳои сӯхторро махфӣ нигаҳ медоранд, посух гӯянд.