Як роҳи вайрону маргбори Суғд таъмир мешавад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар шимоли Тоҷикистон таъмиру бозсозии роҳе оғоз ёфт, ки онро яке аз роҳҳои вайрон ва ҳам маргбор дар ин самти кишвар мешуморанд. Ин роҳи 100 километрӣ ноҳияи Аштро бо шаҳри Хуҷанд мепайвандад ва аз замони сохта шуданаш дар даврони шӯравӣ боре ҳам дуруст таъмир нашудааст.