Далери Имомалиро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Далери Имомалӣ, хабарнигору блогери шинохта ва узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистонро ба гумони "ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ" ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ҳамроҳи ӯ ҳамкораш, хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ, низ дастгир шудааст, аммо дақиқ нест, ки додгоҳ нисбати ӯ чӣ қароре бароварда.