Бонки миллии Қазоқистон аз рубли русӣ даст мекашад

Бонки миллии Қазоқистон раванди даст кашидан аз рубли русиро шуруъ кардааст ва аз 15-уми июл то 31-уми августи имсол ба бонкҳои сатҳи дуввуми ин кишвар иҷозат дода мешавад, ки рублро берун баранд.

Ин истисно танҳо барои рубл хоҳад буд ва ба нақдинаи асъори хориҷии боқимонда, ки муодили беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҳастанд, ҳанӯз ҳам иҷозати берун бурдан дода намешавад.

Дар лоиҳаи қарори Бонки миллии Қазоқистон гуфта шудааст, ки "муомилоти пулии рубл аз талабот дида зиёдтар аст".

Ҳамчунин бонкҳои Қазоқистон ҳангоми қабули рубли русӣ ба ҳисобҳои ҷорӣ ё пасандоз баҳра (комиссия) ҷорӣ кардаанд. Баландтарин баҳраро Бонки "СентрКредит" пешниҳод кардааст, ки 20 дарсадро ташкил медиҳад.

Русия шарики асосии тиҷоратии Қазоқистон аст. Ин кишвар танҳо соли гузашта аз Русия ба маблағи 18,5 миллиард доллар мол харидааст ва 63 дарсади тамоми муомилот бо рубл анҷом шудааст. Аммо пас аз таҳримҳои Москва воридоти Русия ба Қазоқистон ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфта ва рубле, ки дар тиҷорат миёни ду кишвар истифода мешуд, нолозим шуд.