Ин ҷамоатро Тоҷикистон ҷузъи пайваста дар харитаи наваш тасвир кардааст ва Қирғизистон - ҷазирае дар қаламрави худ медонад. Вале бештар аз як сол боз дар ин минтақа задухӯрд ё муноқиша сурат нагирифта буд. Дар як муддати кӯтоҳ се дафъа боиси баҳсу даргирӣ шудани як қисмати ин ҷамоат байни сокинон ва доираи коршиносӣ нигарониҳоеро ба бор овардааст. Чаро аз минтақаҳои дигари марзӣ радду бадал ба онҷо кӯчид?
Мавзеи Кех дар 15-километрии маркази ҷамоати Ворух ҷойгир аст ва аҳолинишин нест. Ин ҷо Тоҷикистону Қирғизистон танҳо посгоҳҳои марзӣ доранд. Сокинон мегӯянд, ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳонаи ахир садои тиру тӯпро нашунидаанд, вале аз ҳаракатҳои низомиён нигарон шудаанд.
Зуҳрон Тешаев, сокини Ворух мегӯяд: “Ҳоло маълум нест, ки чӣ кор шуда истодааст. Имрӯз боз як гурӯҳ сарбозон рафтанд. Навбаташонро иваз карданд. Гуфтушунид буд, боз гашта рафтанд. Чӣ буданаш ҳоло маълум нест”.
Рафоҳхӯҷа Раҳимов сокини Ворух аст. Ӯ мегӯяд: “Агар дари ҳамсояатон таққас кунад, бемизон мешавад. Агар дар атрофи мо ҷангу ҷидол шавад, албатта диламон парешон хоб меравем. Фикр мекунед, чунки ҳаёт барои ҳама ширин аст”.
Сокини дигари Ворух мегӯяд: “Ҷанг мекунанду як ё ду одамро кушта боз дам мегиранд. Ҳама ба умед фарзанд калон мекунанд, ҷангро акнун бас кунанд”.
Сокинон мегӯянд, дар як моҳи ахир ҳадди ақал се бор шоҳиди ҷанг дар ин минтақа шудаанд. Дар гузашта бошандагон, ки Кехро сарзамини Тоҷикистон медонанд, ба ин ҷо асосан чорвои худро мебурданд ё барои истироҳату зироаткорӣ мерафтанд. Вале акнун мегӯянд, ҳамлаи марзбонони кишвари ҳамсоя боис ба он шудааст, ки ҳоло чӯпонҳо низ ба он мавзеъ молҳои худро набаранд. Онҳо мегӯянд, кишвари ҳамсоя амдан ин ҷоро ба макони даргирӣ табдил медиҳад.
Рафоҳхӯҷа Раҳимов мегӯяд: “Ман фикр мекунам, ки ба атрофи Кех қирғизҳои аз ҳамин атроф берун бударо оварда мондаанд. Қирғизҳое, ки дар атрофи Кех пештар зиндагӣ мекарданд, онҳо бо ин атроф ягон бор дар ҳаёташон ҷангу ҷанҷол накарда буд”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ворух бори охир моҳҳои апрел-майи соли 2021 шоҳиди тирпарониву муноқишаи сахти марзӣ гардида буд. Ҳарчанд тули ин як сол дар чандин деҳаҳои ҷамоати Чоркӯҳу ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳсу хунрезӣ руй дод, вале акнун “кӯчидан”-и таниш ба ин минтақа нигарониҳоеро ба вуҷуд овардааст.
Неъматуллоҳ Мирсаидов, коршиноси масоили марзӣ мегӯяд: “Мақсади асосиашон азбаски аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани ноҳияи Лайлак буд, агар гӯем, ки муваффақ шуданд, чандон дуруст нест. Вале дар маҷмӯъ, бисёр масъалаҳоро ҳал карда гирифтанд. Акнун масъалаҳое мондаанд, ки ба чарогоҳҳо рабт мегирад. Яъне минтақаи Кех ин мавзеи дорои чарогоҳҳо аст ва солҳои пеш Тоҷикистон дар он ҷо албатта зироатҳои кишоварзӣ мекорид ва ҳосил ба даст меовард”.
Рӯзи 14-уми июн мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тирандозии навбатӣ дар марз хабар доданд. Ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, дар ин ҳодиса дастикам як сарбоз куштаву чанд нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар сар задани ҳодисаи навбатӣ гунаҳгор мекунанд.
Дар баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон Ворух як нуқтаи ҳассос боқӣ мондааст. Ду ҷониб дар мавриди роҳе, ки Исфараро ба Ворух мепайвандад, ба ҳеҷ мувофиқате даст наёфтаанд. Тоҷикистон борҳо гуфтааст, ки иддаои анклав нишон додани Ворух бепоя аст, вале Қирғизистон ба анклав будани ин ҷамоат пойфишорӣ дорад.
Тақрибан нисфе аз марзи 970-километрии Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин сабаб байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ муноқиша сар мезанад.