Нахустин қатори роҳи оҳани самти Душанбе-Тошканд қарор аст рӯзи душанбе, 20-уми июн ба ҳаракат дарояд. Ширкати “Ӯзбекистон темир йӯлларӣ” шоми 14-уми июн дар саҳифаи Телеграм-канали худ хабар дод, ки қатори байни ду пойтахти кишварҳои ҳамсоя ҳафтае як бор ҳаракат хоҳад кард. Тӯли роҳ 916 км буда, ба навиштаи вебсайти your.tj, дар шаҳрҳои узбекистонии Қаршӣ, Самарқанд, Ҷиззах, Гулистон ва дар хоки Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ист хоҳад кард. Нархи билети қатор аз 35 доллар шурӯъ мешаванд. Қатор аз даҳ вагон, аз ҷумла, як вагон-ресторан, чор купе ва панҷ платскарт иборат мешавад.
Барқарор шудани ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Узбекистон ҳодисаи таърихӣ аст, чун баъди қатъ шуданаш дар поёни солҳои 1990-ум бо баҳонаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ин роҳ барои мусофирон пурра баста шуд. Роҳи мошингарди заминӣ танҳо василаи сафар ба Узбекистон ва Тоҷикистон буд ва танҳо баъди соли 2018 парвозҳои ҳавоии миёни Душанбеву Тошканд барқарор гардиданд.
Соли 2018, баъди сари кор омадани президент Шавкат Мирзиёев Тоҷикистону Узбекистон даҳҳо шартномаҳои ҳамкорӣ дар бисёр соҳаҳоро имзо карда, сарҳадҳоро боз ва рафтуомади мардумро миёни ду кишвар озод намуданд.