Кишоварзони Узбекистонро, ки бар асоси як фармони президент Шавкат Мирзиёев ҳақ доранд, маҳсулоти худро озод фурӯшанд, дубора маҷбур мекунанд, то аз нақшаи дар қарордод дарҷшуда 5-10 дарсад бештар гандум супоранд.
Сокинон аз вилоятҳои гуногуни Узбекистон дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомот ба монанди солҳои пешин дар ҳар як комбайн як маъмури Горди миллӣ ва хадамоти оташнишониро гузоштаанд.
Як кишоварз аз ноҳияи Гузари вилояти Қашқадарё ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия гандумҳои вайро, ки аз нақша бештар буданд, бо зурӣ мусодира карданд.
Ба гуфтаи як кишоварзи дигар аз ноҳияи Букини вилояти Тошканд, мақомот онҳоро низ маҷбур кардаанд, ки бар иловаи нақша сари ҳар ҳектар замин 5 сентнер гандуми дигар супоранд.
Мақомоти Узбекистон ин қазияро расман шарҳ надодаанд.