Зеленкий хостори кумаки бештари Олмон шуд

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, аз садри аъзами Олмон хост, ки ба ин кишвар сафар кунад.

Зеленский рӯзи 13-уми июн дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии ZDF аз Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, хостааст, дар мавриди муноқиша бо Русия мавзеи ошкортар рӯи даст бигирад.

Вай гуфт, Шолтс ва ҳукумати ӯ бояд тасмим бигирад, ки "байни Украина ва робита бо Русия наметавон муомилае вуҷуд дошта бошад".

Изҳороти Зеленский дар ҳоле садо медиҳад, ки гумон меравад Шолтс аввалин сафари худро аз замони оғози ҷанг ба Киев анҷом диҳад. Шолтс аз изҳори назар дар мавриди гузоришҳои расонаҳо дар бораи инки ин сафар мумкин аст охири ҳафта то поёни моҳ якҷо бо раҳбарони Фаронса ва Итолиё анҷом шавад, худдорӣ кард.

Шуморе аз сарони аврупоӣ қаблан ба Украина сафар карда, ҳамраъйии худро бо ин кишвар баён доштанд.

Зеленский дар мусоҳибаи худ ошкор гуфт, бовар дорад, мадади низомии Олмон ба зудӣ хоҳад расид. Ӯ ҳамчунин гуфт, "муҳим аст, ки садри аъзам Шолтс дар замони ҷанг инҷо биояд"