Қариб 4 миллион сомонӣ. Зиёни тахминии сӯхтор дар бозори Бохтарро гуфтанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ба ҳисоби ибтидоӣ, зарари сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и Бохтарро тақрибан чаҳор миллион сомонӣ ҳисоб кардаанд. Як мансабдори баландпояи Бохтар ва узви Ситоди зидди сӯхтор, рӯзи 9-уми июн гуфт, "рақами ниҳоӣ баъди чанд рӯз эълон хоҳад шуд."

Нашрияи маҳаллии "Набзи Бохтар" аз қавли раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода ин рақамро 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ навиштааст.

Бозор шаби 1-уми июни имсол оташ гирифт ва дар натиҷа як нафар ҷон бохта, ёздаҳ каси дигар осеб диданд. Соҳибкорони зиёде мегӯянд, ки пулу дӯкону маҳсулоти худро аз даст доданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки сӯхтор ба сабаби "расидани ноқилҳо дар яке аз ошхонаҳои бозор" сар зад. Қаблан баъзе аз шоҳидон фарзияи "оташ гирифтани балонҳои гази моеъ"-ро гуфта буданд.

Бозори “Фаровон” дар маркази Бохтар бори аввал нест, ки оташ мегирад. Дар гузашта ҳам ин бозор ба сабаби риоят нашудани меъёрҳои амниятӣ як дафъа сӯхт ва садҳо соҳибкору тоҷир зиён дидаву муфлис шуданд.

Ҳоло ҳам ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки соҳибкорону тоҷирон бо мушкилоту қарзҳое, ки барои тиҷорат гирифтаанд, танҳо мемонанд.

Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.

Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.