Дуди ғализи хумдонҳои оҳакпазӣ дар ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон, ки солҳо боз зиндагии мардуми ин маҳалро “талх” кардааст, айни замон зиндагии гуруҳи дигареро таъмин мекунад.
Роҳҳои нафаси Давлатбӣ аз таъсири дуди ғализ, ки то ба хонааш мерасад, осеб дидаанд, вале мегӯяд, андешаи ҳамдеҳагонашро мекунад, ки аз ҳисоби оҳакпазӣ рӯз мегузаронанд.
Ӯ гуфт: “Омадем ва ҳаминҷо зиндагӣ дорем. Дигар чӣ кор кунем? Худам бемории ҷоғар дорам, ҳаво ҳам хуб нест. Бо дору мегардам.”
Сокинони дигари ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон низ мегӯянд, солҳост, аз дуди танӯрҳои оҳакпазӣ ранҷ мебаранд, вале чун кори дигаре нест, ночор ҳавои олудаи инҷоро таҳаммул мекунанд.
“Шавҳари ман ҳаминҷо кор мекунад ва аз ин ҳисоб зиндагиро пеш мебарем. Дар панҷ-шаш рӯз 500 ё 600 сомонӣ медиҳанд. Шавҳарам ва писарам инҷо кор мекунанд, оташ мемонанд,” – гуфт Гулҷаҳон, сокини Қизилқалъа.
Сокинон борҳо хостанд, танӯрҳо аз инҷо кӯчонда шаванд, вале солҳост садояшон ба гӯши касе нарасидааст. “Инҳо мардуми маҳаллӣ ҳастанд, агар дар ҷойи дигар замин диҳанд, шояд раванд, вагарна мемонанд” – мегӯяд Акбаралӣ, сокини дигари Қизилқалъа.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дуди танӯрҳои оҳакпазӣ ва ё хумдонҳои худсохт аз замони Шӯравӣ дар ноҳияи Хуросон ба ҳаво мепечад. Он замон дар атроф хона камтар буд, вале ҳоло вазъ дигар аст. Хонаҳо ба танӯрҳо наздиктар омадаанд.
Ду ширкати маҳаллӣ, ки даҳ хумдон доранд, оҳак мепазанд ва сӯзишвориашон мазуту резин аст, ки ҳаворо олудаву заҳрогин мекунанд. Мақомот ду бор онҳоро барои олуда кардани ҳаво ҷарима бастаанд.
Амирхон Тӯраев, намояндаи Идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон гуфт: “Таҳти назорат ҳастанд. Соли гузашта амалиёт гузаронида, барои обу ҳаворо олуда кардан чанд нафари онҳоро ҷарима бастем. Онҳо бояд ҳезум истифода кунанд, вале аз балону мазут истифода карда, ҳаворо олуда мекунанд. Зарари он ба табиат, дуди ғализаш ба инсонҳо мерасад.”
Маълум нест, ки хумдонҳо кай ба ҷойи дигар кӯч дода мешаванд ва сокинони атроф ҳам мегӯянд, намедонанд, ки дуди сиёҳ кай тамом мешавад, то рӯзҳои сиёҳи онҳо ҳам ба поён бирасад.