17 кушта ва даҳҳо захмӣ дар садамаи қатор дар Эрон

Табас, маҳалли ҳодиса

Дар садамаи қатор ё поезд дар наздикии шаҳри Табас дар Эрон дастикам 17 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Сухангӯи Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Эрон Муҷтабо Холидӣ рӯзи 8-уми июн гуфт, "тақрибан чиҳил каси дигар маҷруҳ шуда, барои муолиҷа ба бемористон бурда шуданд".

Бино ба гузоришҳои ибтидоӣ, қатор аз Машҳад ба Язд мерафт ва дар наздикии Табас, 800-километрии шарқи Теҳрон, ба садама дучор шуд.

Як масъули Ҳилоли Аҳмари Эрон ба телевизиони давлатии он кишвар гуфт, панҷ вагон аз роҳи оҳан берун шуданд.

Мирҳасан Мусавӣ, муовини раиси Идораи роҳи оҳани Эрон, мегӯяд, дар қатор 348 нафар нишаста буданд. Таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст.

Ҳодисаи рӯзи 8-уми июн дар пайи фурӯ рехтани як бинои даҳтабақаӣ дар шаҳри Ободон рӯй дод. Дар он ҳодиса дар моҳи майи имсол дастикам 43 кас ҷон бохтанд.

Садамаи мудҳиштарини қатор дар Эрон соли 2004 иттифоқ уфтода буд. Замоне ки вагонҳои пур аз бензину маводи кимиёӣ дар шаҳри Нишопур чаппа шуда, тақрибан 320 нафарро куштаву 460 каси дигарро захмӣ ва 5 деҳаро вайрон карданд.