Манижа, мухолифи ҷанги Украина, дар "Стереолето" ҳунарнамоӣ нахоҳад кард

Манижа Сангин

Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, ки соли гузашта Русияро дар озмуни “Евровидение” намояндагӣ карда буд, дар ҷашнвораи “Стереолето” дар Санкт-Петербург ҳунарнамоӣ нахоҳад кард.

Ӯ дар саҳифааш дар Инстаграм навишт, ки номашро "аз ҷашнвора берун карданд". Ҷузъиёти дигар надод. Ҷашнвора бояд 12-13-уми июн баргузор шавад.

Дар саҳифаи ҷашнвора дар Телеграм гуфтаанд, “мутаассифона, Манижа Сангин ҳунарнамоӣ нахоҳад кард”, вале нагуфтаанд, чаро. Танҳо зикр кардаанд, ки ин тасмим аз онҳо “вобаста нест”.

Муассиси ҷашнвора Иля Бортнюк дар шарҳи масъала ба нашрияи "Фонтанка" тасмимро дар вазъияти ҳозира “дуруст” номид.

Қаблан дар Телеграм маъракаи зидди Манижа Сангинро ба роҳ монданд. Вай ба далели мавқеаш зидди ҷанги Русия дар Украина зери танқиди сахт қарор гирифт.

Чанде аз онҳо хостанд, ки Вазорати корҳои дохилии Русия алайҳи овозхон ба иттиҳоми "беобрӯ кардани артиш" парвандаи ҷиноӣ кушояд. Бортнюк нагуфт, ки лағви ҳунарнамоии Манижа ба ин талабҳо пайванд дорад ё не.

Пас аз як маъракаи ба ин монанд, консерти зери роҳбарии дирижёр Василий Синайский дар Филармонияи Санкт-Петербург бекор шуд. Ӯ низ алайҳи ҷанг дар Украина сухан гуфта буд.

Манижа Сангин зодаи Тоҷикистон аст. Иштирокаш дар “Евровидение” боис ба танқидҳои зиёде дар Русия шуда буд. Мухолифонаш иддао карданд, ки таронаи "Зани рус" русҳоро бадном мекунад. Чизе, ки худаш рад кард.