Владимир Малахов: "Чаро тоҷикон мисли арабҳо нестанд?" ВИДЕО

Владимир Малахов

Як муҳаққиқи рус мегӯяд, муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикон, барои пайдо кардани ҷойгоҳ ва ё мақоми худ дар Русия саъйи зиёд намекунанд. Ӯ муҳоҷирони тоҷикро бо муҳоҷирони араб аз Марокаш муқоиса кардааст, ки солҳои 80-уми асри гузашта барои ёфтани ҷойгоҳи худ дар ҷомеаи Фаронса ба мубориза шуруъ карданд. Профессор ва муҳаққиқи масоили муҳоҷират аз Маскав Владимир Малахов, муаллифи пажуҳиши “Чаро тоҷикон мисли арабҳо нестанд?” меҳмони мост.

Радиои Озодӣ: Ташаккур, ки барои мо фурсат пайдо кардед. Чаро барои таҳқиқи худ чунин номи баҳсбарангези “Чаро тоҷикон мисли арабҳо нестанд?”- ро гузоштед?

Владимир Малахов: “Ин як ташбеҳи пӯшидае ба мақолаи маъруфи донишманди амрикоӣ Аристид Золберг аст, ки бо номи “Чаро ислом мисли забони испониёӣ аст?” нашр шудааст. Ман ингуна ном гузоштам, ки чаро тоҷикон мисли арабҳо ҳастанд ва ё нестанд. Яъне, ман ин масъаларо баррасӣ мекунам, ки байни муҳоҷират баъди хатми мусталимкадорӣ ба Аврупои Ғарбӣ, масалан аз кишварҳои Мағриб ба Фаронса ва ё аз Индонезия ба Ҳолланд, аз Покистону Ҳинд ба Бритониё ва аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба Русияи имрӯза чӣ тафовутҳое ҳаст. Албатта, ман мефаҳмидам, ки ин маънии духӯра дорад. Чаро маҳз тоҷикон? Ман инро дар нохунак гирифтам, яъне номи умумиро барои муҳоҷирон интихоб кардам, на фақат шаҳрвандони Тоҷикистонро ё на фақат миллати тоҷикро, ки ҳоло дар забони оммаи Русия роиҷ шудааст. Онҳо ҳамаро тоҷик меноманд ва фикр намекунанд, инҳо кӣ ҳастанд, шояд узбек бошанд, ё шояд аз як кишвари дигари Осиёи Марказӣ. Тоҷикон як номи умумӣ барои муҳоҷирон шудааст, ки мутаассифона аз таъсири нажодпарастӣ дар Русия бармеояд ва сокинони кишвари мизбон ҳеч заҳмате ба худ намедиҳанд, доир ба фарҳанги онҳое андеша кунанд, ки ба ватани онҳо омадаанд.”

“Мехоҳанд, аслан аён набошанд”

Пулиси Русия санади муҳоҷиронро аз Осиёи Марказӣ месанҷад

Радиои Озодӣ: Дар таҳқиқи худ мегӯед, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, саъй намекунанд, дар ҷомеаи Русия ҷойгоҳ ва ё мақоми хешро пайдо кунанд. Чаро?

Владимир Малахов: “На ин ки саъй намекунанд, балки онгунае ман навиштаам, ба он бартарӣ медиҳанд, ки дар ҷомеа намоён набошанд. Инҷо як идда сабабҳое вуҷуд доранд, вале пеш аз ҳама қонунгузории печидаи муҳоҷиратии Русия ва бахусус амалкардҳои мақомоти интизомии мо. Инсон ҳамеша дар як мавқеи ларзон ё осебпазир ҳаст ва агар барои ҳаққи худ садо баланд кунад, ба хатари ихроҷ аз кишвар дучор мешавад. Ва мардум инро мефаҳманд ва дар умум саъй мекунанд, ки дар ҷомеа намоён набошанд. Мехоҳанд, ки аслан аён набошанд.”

Радиои Озодӣ: Яъне аз ин роҳ мушкили камтар хоҳанд дошт?

Владимир Малахов: “Бале, комилан дуруст аст.”

“Ҷойи роҳаташонро ёфтаанд”

Радиои Озодӣ: Пас, метавон гуфт, ки сиёсати пешгирифтаи муҳоҷиратии мақомоти Русия ба тоҷикон ва ё муҳоҷирони дигар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия имкон намедиҳад, ҷойгоҳи худро пайдо кунанд ва масалан намояндагони худро дар идораҳои давлатӣ ва қонунгузори Русия дошта бошанд?

Владимир Малахов: “Медонед, инҷо як масъалаи муайян ҳаст. Аввал инки иттиҳодияҳои муштарак вуҷуд доранд, масъалаи дигар иттиҳодияҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ аст. Иттиҳодияҳои ғайрирасмӣ, ки манофеъ ва ормонҳои мардуми воқеиро инъикос мекунанд, як чиз аст. Иттиҳодияҳои расмӣ ва ё созмонҳое, ки бо мақомот ҳамкорӣ мекунанд, чизи дигар ҳастанд. Мақомот кор бо созмонҳои расмиро афзалтар медонанд, ки санадҳои қонунӣ доранд, дар бонк ҳисоб доранд, ё таҷрибаи ҳамкорӣ бо мақомоти расмӣ ва мансабдоронро доранд. Ва он одамоне, ки гуё муҳоҷиронро дар Русия намояндагӣ мекунанд, мегӯянд, ки намояндаи воқеии мардуми воқеӣ ҳастанд. Бар ҳар сурат, онҳо бар асоси қоидаҳо амал мекунанд. Қоидаҳое, ки онҳо риоят мекунанд, ба онҳо аз боло, яъне тарафи мизбон дикта шудааст. Инҳо қоидаҳои оддӣ ҳастанд, аввал фаъолияти Шумо бояд ба масоили фарҳангӣ, маориф, чорабиниҳои фарҳангӣ ба мисли ансамблҳои рақсу суруд бахшида шуда бошад. Масалан, агар қирғизҳо бошанд, мисли баргузории чорабинӣ бахшида ба зодрӯзи Чингиз Айтматов. Агар тоҷикон бошанд, ба мисли зодрӯзи Фирдавсӣ ва ё Низомӣ ва ғайра. Ин бояд аввалин самти кор бошад, дуввум мубориза бо ифротгароӣ ва ё ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ. Вале агар масъалаҳои ҷойи кор, риоят накардани ҳуқуқи кории Шумо, масъалаи ҷойи иқомат, худсарии мақомоти интизомӣ бошад, ин масъалаҳоро созмонҳои расмии муҳоҷирон матраҳ намекунанд.”

Радиои Озодӣ: Чаро?

Владимир Малахов: “Чунки ин одамон ҷойи роҳаташонро ёфтаанд. Онҳо аз тарафи ниҳодҳои муайяни Русия ва сафоратҳои кишварҳояшон ёриҳои молии ройгон мегиранд. Онҳо ҳам зиндагии худро доранд ва намехоҳанд, мушкиле дошта бошанд.”

Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Владимир Малахов: "Чаро тоҷикон мисли арабҳо нестанд?" ВИДЕО

“Ҳамаро вазъи ҳозира қонеъ мекунад”

Радиои Озодӣ: Яъне мақомоти Русия хуш надоранд, ки муҳоҷирон аз ҷиҳати иҷтимоӣ муттаҳид бошанд?

Владимир Малахов: “Ҷавоб мусбат аст, чаро ки Шумо андаке садо баланд мекунед. Яъне, мушкилотро намоён месозед. Агар ҷиддан мушкилотро омӯзед, пас, бояд барои ҳалли он мунтазам кор кунед. Ҳеч кас инро намехоҳад. Ҳамаро вазъи ҳозира қонеъ мекунад. Инсонҳоро водор мекунанд, ки дар як мақоми нимақонунӣ бошанд, яъне бояд ғайриқонунӣ кор кунанд. Онҳо дар бозори сиёҳ кор мекунанд ва на ба айби худашон, чунки кордиҳандагон ба онҳо имкон намедиҳанд, ки қарордоди дурусти корӣ бубанданд.”

“Мардум метарсанд, агар шиносномаи русӣ ҳам дошта бошанд”

Радиои Озодӣ: Мо ҳамеша мебинем, ки масалан худи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия мегӯяд, кишвар ба муҳоҷирон эҳтиёҷ хоҳад дошт, вале дар матбуот, ҳатто расонаҳои давлатӣ роҷеъ ба муҳоҷирон бад менависанд. Инро чӣ гуна фаҳмем?

Набояд гуфт, ки тамоми русҳо бегонаситез ҳастанд. Ба назари ман дар ояндаи қобили пешбинӣ мо кишвари дигар ва муносибатҳои дигар (бо муҳоҷирон)-ро мебинем.

Владимир Малахов: “Бале. Ин як чизи хос аст, гоҳе мисли мавҷ болову поин мешавад. Масалан, соли 2013 буд, ки афкори зидди муҳоҷират авҷ гирифт, баъд фурӯ нишаст, вале аз моҳи сентябри соли гузашта, як афзоиши ғайриоддии сару садо ба зидди муҳоҷирон мушоҳида мешавад. Медонед, инҷо як таноқуз аст ва сиёсатмадорон онро “дурӯягии система” меноманд, яъне сиёсатмадорон як чиз мегӯянду, кори дигаре мекунанд. Дар сатҳи сухан мо як сиёсат дорем, як сиёсати рамзӣ аст. Масалан, мегӯянд, ба мо муҳоҷирон заруранд, бидуни муҳоҷирон кори мо пеш намеравад, аммо дар амал вазъ комилан дигар аст. Бори дигар такрор мекунам, қонунгузории муҳоҷират ба ҳадде печида аст, ки Шумо ҳатман як қонуншикание мекунед. Бидуни қонуншиканӣ намешавад, зеро бояд дар ҷойи иқомат сабти ном кунед, ё дар ҳамонҷое, ки сабти ном кардед, зиндагӣ кунед. Ин иҷроношуданӣ аст ва ҳама инро медонад, вале вонамуд мекунанд, ки бояд ҳамингуна бошад. Яъне, ҳамеша дар банд ҳастед, вазъ чунин аст, ки ҳамеша як қонуншиканӣ мекунед ва Шуморо метавонанд аз ҳар чизе, ки доред, маҳрум кунанд. Барои ҳамин, мардум метарсанд. Ҳатто агар шиносномаи русӣ ҳам дошта бошед ва шаҳрвандии Русияро ҳам дошта бошед. Ин ҳам кафолат нест. Ман намунаи ваҳшатнокеро меорам. Албатта, дар Тоҷикистон қазияи Каромат Шариповро медонанд. Инсоне, ки раҳбари Созмони Муҳоҷирони Кории Тоҷик ва шаҳрванди Русия буд. Сӣ ё чиҳил сол зиндагӣ карда буд, Академияи улуми Русияро хатм карда буд, дар ҳайати нерӯҳои Шӯравӣ дар Олмон хидмат карда буд. Ӯро бо кадом як баҳонаи ночизе аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Ман намедонам, вале гуё ҳангоми гирифтани шаҳрвандӣ кадом як қонуншикание кардааст. Чӣ расад ба муҳоҷирони оддӣ.”

Радиои Озодӣ: Як ақида ҳаст, ки гуё ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз шаҳрвандони аз назари иҷтимоӣ фаъол метарсанд ва аз роҳе саъй мекунанд, ки дар байни созмонҳои муҳоҷирон дар Русия ихтилоф барангезанд. Шумо ба ин ақида розӣ ҳастед ва ё чунин таҷрибаеро шоҳид шудаед?

Владимир Малахов: “Шояд битарсанд. Вале асосан саъй мекунанд, кори ин созмонҳоро ба як маҷрои муайян ворид намоянд. Фаъолияти шаҳрвандони аз назари иҷтимоӣ фаъолро ба як маҷрои барои худашон мувофиқ равона созанд. Шаҳрвандоне ба мисли Валентина Чупик одамони барои онҳо бисёр нохушоянд ҳастанд. Инҳо масоилеро мебардонанд, ки ҳукумати ҳарду тараф намехоҳанд, баррасӣ шаванд. Ба вебсайти Оҷонси федералии ақаллиятҳои миллӣ ворид шавед, дар онҷо ба ғайр аз ақаллиятҳои бумии Русия, созмонҳои миллатҳои ба истилоҳ омада ҳаст. Дар онҷо созмонҳои тоҷикону узбекону дигарон ҳастанд. Ҳамаи созмонҳои фарҳангӣ ҳастанд, хоси дастаҳои рақсу сурад. Масалан, дар бораи марги писари 5-моҳа, ки вақти тафтиши санадҳо аз модараш гирифтанд ва он дар як шаб фавтид, баҳси зиёде накарданд. Албатта, азбаски моҷарои бузург буд, маҷбур шуданд, дар бораи он бигӯянд ва бо нармӣ онро дар миён гузоштанд, то робитаҳои дипломатӣ осеб набинад. Гуфтанд, ки нигарон ҳастанд, ингуна набояд кард ва бояд тафтиш шавад. Ва ин ҳадди аксари корест, ки ниҳодҳои расмӣ ба худашон иҷоза медиҳанд.”

“Тамоми русҳо бегонаситез нестанд”

Радиои Озодӣ: Шумо чӣ фикр мекунед, оё насли нави муҳоҷирон дар Русия, ки садҳо ҳазор, ё миллионҳо нафарро ташкил медиҳанд, дар ояндаи наздик дар ҷомеаи Русия эътироф шаваду ҷойгоҳашро биёбад?

Владимир Малахов: “Ба фикри ман, меёбанд. Шояд дар ояндаи наздик набошад, вале дар ояндаи қобили пешбинӣ меёбанд. Инро метавон дар форумҳои интернетӣ, дар вебсайтҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дид. Форумҳои зиёде ҳаст, ки зиндагии воқеӣ идома дорад, зиндагӣ дар онҳо меҷӯшад. Дар онҳо на фақат дар бораи фарҳанг, балки дар бораи ҳама чиз суҳбат мекунанд. Албатта, ин мардум рӯзе аз худ дарак медиҳанд, аз тарафи кишвари мизбон ҳам тарафдор доранд. Набояд гуфт, ки тамоми русҳо бегонаситез ҳастанд. Ба назари ман дар ояндаи қобили пешбинӣ мо кишвари дигар ва муносибатҳои дигар (бо муҳоҷирон)-ро мебинем.”

Радиои Озодӣ: Владимир Сергеевич агар чизи муҳиме буд, ки мехостед, худатон бигӯед ва мо напурсидем, марҳамат метавонед илова кунед.

Владимир Малахов: “Вақте Шумо пурсидед, ки чаро муҳоҷирон барои касби ҷойгоҳ дар ҷомеаи Русия саъй намекунанд, инро мехостам бигӯям. Тамоюле вуҷуд дорад, ки онро ҷомеашиносон худнамоии ҷилодор меноманд. Яъне, як ҷавон, ё начандон ҷавон, ба ватан дар бораи худ маълумоте мефиристад, ӯ мехоҳад, ки хуб намоён шавад. Барои ҳамин хона, ҷойи корашро сабт карда нишон намедиҳад, балки дар назди Калисои ҷомеи Исои наҷотбахш, дар назди Калисои Василий Блаженний, дар назди ВДНХ ва ғайра селфӣ гирифта, худро муваффақ ва худкифо нишон медиҳад. Барои ҳамин ба ватан пул мефиристад. Ва инро худнамоии ҷилодор меноманд, ки мушкилоти воқеии Шумо як тараф мемонад ва Шумо худро дар ҷомеа дигаргуна нишон медиҳед.”

Радиои Озодӣ: Муҳоҷирони тоҷик ин корро мекунанд?

Владимир Малахов: “Мекунанд, хеле зиёд.”