Президенти Русия Владимир Путин моҳи апрели имсол аз бемории саратон табобат гирифтааст.
Дар ин бора маҷаллаи Newsweek бо истинод ба се манбаи баландпояи худ иттилоъ додааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ӯ дар моҳи марти имсол аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд.
Ба навиштаи маҷалла, хадамоти иктишофии Амрико аз охирҳои моҳи апрел то нимаи моҳи майи имсол ба хулосае расида буд, ки Путин сахт бемор аст ва эҳтимол даргузарад.
Расонаи "Проект" аввалҳои моҳи апрели имсол хабар дод, ки вақтҳои охир табиби гӯшу бинию гулӯ ва ҷарроҳи саратони сипаршакл ба таври доимӣ ба назди Путини 69-сола меравад.
Вазъи саломатӣ ва зиндагии хусусии раисиҷумҳури Русия аз мавзуъҳои мамнуъ дар ин кишвар аст ва дар расонаҳо дар ин бора кам суҳбат мешавад.
Дар рӯзҳои ахир баъзе гузоришҳо дар мавриди гирифтории Владимир Путин ба "саратон" нашр шуда буд. Гуфта мешавад, табибон ба ӯ гуфтаанд, беш аз ду-се соли дигар имкони зинда мондан надорад.