Далери Имомалӣ мегӯяд, барои гузоришҳояш "шаппотӣ ва мушт" хӯрд

Далери Имомалӣ

Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик, гуфт, мақомоти интизомӣ ӯро панҷ соат боздошт ва бозпурсӣ кардаанд. Рӯзноманигор дар як видео дар каналаш дар Ютуб рӯзи 4-уми июн хабар дод, ки ҳодиса баъди сабти барнома дар қабулгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рух додааст.

Телефони блогери тоҷик аз соати 11 то 16-и шанбе дастнорас буд ва даҳҳо корбари Фейсбук аз сарнавишти ӯ нигаронӣ карданд. Мақомот то ҳол дар ин замина расман шарҳе надодаанд.

Далери Имомалӣ дар пахши мустақими саҳифаи ютубиаш гуфт, рӯзи 4-уми июн баъди сабти барномаи “қабулгоҳ” дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур ӯро барои суҳбат ва ё бозпурсӣ бурданд. Мавзӯи бозпурсӣ гузориши Далери Имомалӣ дар бораи сокинони як минтақаи ноҳияи Шоҳмансур будааст, ки хонаҳояшонро ба далели ғайриқонунӣ сохта шудан, мақомот вайрон карданд.

Ӯ ҳодисаро дар видео чунин нақл мекунад: “Баъди сабти барномаи қабулгоҳ ба назди маркази савдои Садбарг омада, бо дӯстон хайрухуш кардам ва ба таксие нишаста, мехостам, барои тамрин ба театр равам. То расидан ба театр як мошин, ки қайди давлатии Тоҷикистонро надошт, дар назди таксӣ истод ва одамони дохили он худашонро кормандони яке аз ниҳодҳо дар ноҳияи Шоҳмансур муаррифӣ карда, гуфтанд, барои вақти хеле кам бо мо меравӣ.”

Блогери тоҷик мушаххасан нагуфт, ки ӯро ба кадом ниҳоди қудратӣ бурдаанд. Далери Имомалӣ мегӯяд, лаҳни гуфтори як корманди мақомот дар оғози бозпурсӣ хуб буд, вале баъдан ба тарафи ӯ даст бардошт.

“Ҳамон лаҳза гуфт, ки чӣ далел дорӣ, ки мо ба сари ту даст бардоштем. Гуфтам, ин утоқи кории Шумо аст, ман ҳеч далел надорам ва ҳоло ҳам ҳеч далел надорам, ки ӯ чанд шаппотӣ ё мушт зад. Вале ман гуфтам, ки ин хуб нест, биёед, инсофан суҳбат кунем, мо дар ҳаминҷо ҳастем ва ягон террористу экстремист нестем,” -- афзуд ӯ.

Далери Имомалӣ мушаххасан аз ягон ниҳод ном намебарад, вале мегӯяд, дар вақти бозпурсии ӯ намояндагони чанд ниҳод ширкат доштанд. Мақомот ҳам дар бораи бозпурсии блогери тоҷик чизе намегӯянд. Блогери тоҷик мегӯяд, дар ин бозпурсӣ ӯро муттаҳам кардаанд, ки чанд банди қонунро дар бораи матбуот вайрон кардааст, аммо худи ӯ ба он розӣ нест.

Далери Имомалӣ рӯзи 4-уми июн гуфт, бо талаби мақомот ду гузоришро дар бораи тахриб шудани манзили сокинон дар яке аз маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур пок кард. Норозигии асосии мақомот аз Далери Имомалӣ ин будааст, ки чаро ӯ дар ин гузоришҳояш назари мақомотро напурсидааст. Худи блогер мегӯяд, дар вақти таҳияи гузориш дар ҷойи ҳодиса талош кард бо намояндагони додситонӣ суҳбат кунад, аммо онҳо гуфтаанд, аввал бидуни камера суҳбат мекунанд.

Далери Имомалӣ бо наворҳояш дар бораи мушкилоти мардум маъруф шуда, ахиран соҳиби ҷоизаи “Эътимод”-и як созмони хабарнигорони Тоҷикистонро соҳиб шуд. Саҳифаи ютубии Далери Имомалӣ 137 ҳазор обуначӣ дорад ва наворҳои ӯро беш аз як миллион тамошо мекунанд.

Давоми се моҳи ахир бори дуюм аст, ки Далери Имомалӣ бозпурсӣ мешавад. Пеш аз ин кормандони ниҳодҳои қудратӣ дар шаҳри Ваҳдат ӯро барои чанд соат бозпурсӣ карда буданд. Далери Имомалӣ гуфт, баъди ин бозпурсиҳо “эҳсоси хастагӣ ва дилмондагӣ” дорад ва агар мақомот чунин бархӯрдро идома диҳанд, шояд фаъолияти рӯзноманигориашро қатъ кунад.

Даъват ва “суҳбат”-ҳо бо рӯзноманигорон аз сӯи кормандони мақомот бахусус ниҳодҳои қудратӣ ҳарфи нав нест. Рӯзноманигорони тоҷик ин суҳбатҳоро як навъ фишор медонанд. Инчунин гоҳо ба рӯзноманигорон ҳамла сурат мегирад ва аксар вақт омилони он норӯшан мемонад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён танқид мекунанд. Вале мақомот ҳамвора гуфтаанд, қонунгузории кишвар барои фаъолияти озоди расонаҳо заминаро фароҳам кардааст.