Нерӯҳои рус ба тасарруфи шаҳри Северодонетск "наздик шудаанд"

Нерӯҳои Русия пас аз чанд рӯзи ҷангҳои сахт бо мудофеони украинӣ ба тасарруфи шаҳри муҳими Северодонетск наздик шудаанд.

Сергей Ҳайдай, як масъули минтақаӣ дар шарқи Украина, гуфтааст, 80 дарсади шаҳр дар назорати Русия аст.

Ӯ рӯзи 2-юми июн дар паёме дар "Телеграм" афзудааст, ҷангҳои кӯча ба кӯча идома дорад. Ҳайдай ваъда кардааст, ки нерӯҳои украинӣ то охирин лаҳза барои Северодонетск хоҳанд ҷангид.

Сухангӯи Вазорати дифои Украина гуфтааст, русҳо ба маркази шаҳр расидаанд ва ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Украина фаъолона дар баробари онҳо муқовимат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Амрико ҳушдор додааст, ки даргириҳо моҳҳо идома хоҳанд кард.

Ҳамзамон Бритониё дар бораи фиристодани силоҳҳои пешрафта ба Украина, бо Амрико ва Олмон ҳамовоз шуд. Лондон гуфт, ин системаи силоҳҳои пешрафта ба украиниҳо кӯмак мекунад дар баробари Русия истодагарӣ кунанд.