Манучеҳр Холиқназаров, мудири Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, узви Эътилофи зидди шиканҷа ва узви "Комиссияи 44", дар шаҳри Хоруғ дастгир шудааст.
Ба иттилои дарёфтӣ, мақомот ӯро ба узвият дар созмонҳои ҷиноӣ гумонбар кардаанд.
Назари шахсони наздик ба Холиқназаров дастрас нест. Ҳамкорони Манучеҳр Холиқназаров дар Эътилофи зидди шиканҷа гуфтанд, маълумоти дақиқ надоранд. Ба мо маълум нест, ӯ бо вакили мудофеъ таъмин аст ё на.
Ду манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми май гуфтанд, Манучеҳр Холиқназаров "ҳафтаи гузашта дар маркази маъмурии Бадахшон боздошт шуд".
Ба қавли яке аз онҳо, ба зидди Холиқназаров ба иттиҳоми иштирок дар иттиҳодияи ҷиноятӣ (қисми 2-и моддаи 187-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушодаанд. Ин банди қонун аз 8 то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Мақомот дар бораи боздошти Манучеҳр Холиқназаров расман шарҳе надодаанд. Охири ҳафтаи гузашта манобеи Радиои Озодӣ дар бораибозпурсӣ ва боздошти беш аз даҳ узви "Комиссияи 44", иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хабар дода буданд.
Баъзе аз онҳо баъди бозпурсӣ раҳо шуда, дигарон дар боздошт ҳастанд. Ба Радиои Озодӣ номи чаҳор нафари онҳо маълум аст:
- Манучеҳр Холиқназаров, мудири Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир ва узви Эътилофи созмонҳои иҷтимоии зидди шиканҷа;
- Фаромӯз Иргашов, ҳуқуқдон ва довталаби курсии президентӣ дар 2020, ки номзадиаш сабтином нашуд;
- Хурсанд Мамадшоев, бародари рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоева, ки ӯ низ дар боздошт аст;
- Музаффар Муборакшоев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Тибқи иттилои як манбаи Радиои Озодӣ, мақомот аъзои "Комиссияи 44"-ро ба гирифтани маблағ аз созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Паймони миллӣ" гумонбар донистаанд. "Холиқназаров ва аъзои дигари “Комиссияи 44” дар бозпурсиҳои аввалин иттиҳомро рад намудаанд,” – гуфт мусоҳиби мо.
“Бар асоси созиши мақомот ва намояндагони эътирозгарон дар моҳи ноябри 2021, “Комиссияи 44” бояд дар таҳқиқи кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков ширкат мекард. Як гуруҳ аз муҳоҷирони зодаи Бадахшон аз Русия ба аъзои “Комиссияи 44” пул фиристоданд, то харҷи роҳу хӯрду хӯрок кунанд. Ҳоло онҳоро айбдор кардаанд, ки гуё аз Алим Шерзамонов ва Муҳиддин Кабирӣ пул гирифтаанд. Инҳо ҳуҷҷат доранд, ки аз номи кӣ маблағ гирифта ва дар куҷо харҷ кардаанд,” -- афзуд яке аз афроди наздик ба “Комиссияи 44”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Комиссияи 44" дар пайи ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 дар маркази вилояти Бадахшон, ки се кушта ва чандин захмӣ ба ҷой гузошт, ташкил шуд. Ба он асосан фаъолон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ шомиланд. Шаш нафари онҳо узви гуруҳе ҳастанд, ки аз муфаттишони Додситонии кул ва Додситонии ҳарбӣ иборат буда, ҳодисаҳои моҳи ноябри соли гузаштаро дар Хоруғ таҳқиқ доранд.
Намояндагони “Комиссияи 44” борҳо масъулини Додситонии кулро ба хунукназарӣ дар таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи ноябр гунаҳкор карданд. Мақомот инро рад карданд.
Боздошти чанд аъзои “Комиссияи 44” баъди воқеаҳои нимаи дуюми моҳи май сурат мегирад. Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон даҳҳо кас куштаву захмӣ ва беш аз сад кас дастгир шудаанд.
Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.