Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: Беш аз даҳ узви "Комиссияи 44" дар Хоруғ "бозпурсӣ ва боздошт шудаанд"


Аъзои "Комиссияи 44" муфаттишони Додситонии кулро ба хунукназарӣ дар таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи нобяри 2021 айбдор карда буданд
Аъзои "Комиссияи 44" муфаттишони Додситонии кулро ба хунукназарӣ дар таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи нобяри 2021 айбдор карда буданд

Ба иттилои дарёфтӣ, беш аз даҳ узви "Комиссияи 44", иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бозпурсиву боздошт шудаанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ иттилоъ намедиҳанд, дастикам се манбаи аз ҳам ҷудои Радиои Озодӣ дар вилоят рӯзи 29-уми май хабарро тасдиқ карданд.

Манобеъ гуфтанд, беш аз даҳ узви "Комиссияи 44", аз ҷумла ҳуқуқдон Фаромуз Иргашев, рӯзи 28-уми май ба додситонӣ даъват шуда, "баъди бозпурсӣ дар бораи дарёфти пул аз хориҷа" ба боздоштгоҳ бурда шудаанд. Мақомот расман хабар надоданд.

Як узви "Комиссияи 44" ба шарти фош нашудани номаш гуфт, "онҳо тақрибан 13 нафар ҳастанд. Баъзеашон узви гуруҳи тафтишотӣ дар мавриди ҳодисаҳои моҳи ноябр ҳастанд. Маълум нест, ба зидди онҳо парванда боз шудааст ё не."

Ҳамсуҳбати мо афзуд, дар гузашта муҳоҷирони бадахшонӣ барои фаъолияти "Комиссияи 44" ва таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр ба таври расмӣ кумак карда буданд. "Вале аз созмону кишварҳои хориҷӣ чизе нарасидааст, ки мояи нигаронӣ бошад. Танҳо муҳоҷирон кумак карданд, зодагони Бадахшон. Мардум фақат мехостанд, ҳақ ба ҳақдор бирасад. "Комиссияи 44" намояндаи онҳо буд," – илова кард мусоҳиби мо. Вай нахост, ба далелҳои амниятӣ номаш зикр шавад.

"Комиссияи 44" дар пайи эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар маркази вилояти Бадахшон ташкил шуд.

Ба он асосан фаъолон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ шомиланд. Шаш нафари онҳо узви гуруҳе ҳастанд, ки аз муфаттишони Додситонии кул ва Додситонии ҳарбӣ иборат буда, ҳодисаҳои моҳи ноябри соли гузаштаро дар Хоруғ таҳқиқ доранд.

Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта, баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Аъзои "Комиссияи 44" дар ин ҳодиса музокиракунандаи асосӣ бо мақомот буданд. Бо миёнравии онҳо ба эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ хотима дода шуд, аммо баъдан аз тарзи кори муфаттишон ва шеваи таҳқиқи ҳодисаҳо ибрози норозигӣ карданд.

XS
SM
MD
LG