Пас аз чандин шикоят дар бораи инки нозирони роҳ асосан ронандагони мошинҳои "назарногир"-еро ба монанди "Опел"-у "Мерседес"-и фарсуда тафтиш мекунанд, вале айни замон ба мошинҳои гаронарзиш коре надоранд, хабарнигори Радиои Озодӣ рафтори онҳоро дар Кӯлоб санҷид.
Наворро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мошинҳо дар маркази шаҳр паҳлӯи ҳам ва дар назди аломати роҳ гузошта шудаанд. Нозири роҳ аз байни онҳо мошини хабарнигорро интихоб кард ва рақамашро канду шикаст.
Даъвояш ин буд, ки "дар ҷойи нодуруст" гузошта шудааст. Бо мошинҳои дигар, ки тамғаи "Тойота Кемрӣ" ва навъҳои дигар буда, ҳамоно "дар ҷойи нодуруст" истода буданд, коре нагирифт. Баҳс ҳамин ҷо оғоз шуд.
Аввал аз нозири роҳ пурсида шуд, кӣ ҳаст ва чаро чунин рафтор мекунад. Ӯ худро шинос накард ва таҳдид намуд, ки "дар протокол менависам, мебинӣ."
Хабарнигор хост, ин саҳнаро ба навор бигирад, то далел дошта бошад. Худро муаррифӣ кард, аммо нозири роҳ бо зӯр телефонашро кашида гирифт ва дастикам чаҳор соат онро бо худ нигоҳ дошт.
Талош шуд, дар ин бора бо сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ ва Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар Кӯлоб суҳбат шавад, ҳамон замон дастрас набуданд.
Кандану шикастани рақами мошини хабарнигорон аз тарафи нозирони роҳ дар минтақа бори аввал нест. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, вақте хабарнигорон ба нишасти матбуотии раиси ноҳия рафта буданд, нозирон рақами мошини онҳоро канданд.
Баъзе аз ронандагон мегӯянд, муносибати ба ин монандро тақрибан ҳар рӯз дар роҳҳои минтақаи Кӯлоб ва гӯшаҳои дигари кишвар мебинанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳар чанд вақт навори ришвагирӣ ва бадрафтории онҳо нисбат ба ронандагон нашр мешавад.
Ба қавли баъзе аз ронандагон, нозирони роҳ ё намехоҳанд ва ё наметавонанд мошинҳои гаронарзишро бидоранд ва ё бо соҳибони онҳо вориди даъво шаванд. Мисли инки Додгоҳи вилояти Хатлон моҳи феврали имсол як нозири БДА-ро ба гуноҳи таҳқири ду додситон ҷарима баста, як нозири дигарро таҳти ҷустуҷӯ қарор дод.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистони сари чанд вақт дар барномааш дар телевизионҳои давлатӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна нозирони роҳ ронандагони мошинҳои гаронарзишро бо шумораҳои “тилоӣ” дастгиру муҷозот кардаанд. Мавридҳое, ки ба гуфтаи сокинон ангуштшмор аст.