Қурби рубли русӣ, ки баъд аз тақрибан се ҳафтаи босуръат боло рафтан дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми май рӯ ба поин ниҳода буд, субҳи 31-юми май боз 10 сомонӣ боло рафт. Агар дирӯз бонкҳои Тоҷикистон 1000 рубли русиро ба 167 сомонӣ иваз мекарданд, субҳи имруз ин рақам ба 177 сомонӣ баробар шуд.
Сокинон ҳар рӯз поину болоравии қурби рублро месанҷанд, чун наздиконашон аз Русия асосан пули русӣ мефиристанду бонкҳои Тоҷикистон дар иваз ба онҳо сомонӣ медиҳанд. Масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон нагуфтанд, ки сабаби зуд-зуд пасту болоравии қурби рубли русӣ дар чист.
Баъзе аз коршиносон мегӯянд, поин рафтани арзиши рубл “муваққатӣ аст ва эҳтимол чанд рӯзи дигар давом кунад.” Фозилҷон Фатҳуллоев, шореҳи масоили иқтисодии "Азия-Плюс", рӯзи 30-юми май гуфт, “қурби рубл то 157 сомонӣ барои 1000 рубл поин омада, мумкин аст, дар моҳи август дубора “ҷон” бигирад.”
Вазъи қурби рубли русӣ пас аз ҳамлаи бедалели Маскав ба Украина дар моҳи феврали имсол дар бад шуд. Арзиши ҳазор рубл дар бонкҳои Тоҷикистон ба сад сомонӣ ва ҳатто аз он поин омад, ҳарчанд Бонки Миллӣ онро дар ҳудуди 136 сомонӣ таъин карда буд.
Танҳо дар аввали моҳи апрел он ба марзи 150-160 сомонӣ расид. Ин болоравиро баъзе таҳлилгарон “ба задани сӯзандоруи қувватбахш” монанд карда, гуфтанд, “мувваффақиятҳои молиявии Русия дер давом намекунад”. Дар ҳоле ки, ба бовари онҳо, “Ғарб босуръат роҳҳои наҷот аз вобастагӣ ба нафту гази Русияро ҷустуҷӯ дорад.”
Баҳром Шарифов, корманди пешини бонк ва доктори илми иқтисод, гуфт: “Бештари молу маҳсулоти мо аз Русия оварда мешавад. Муҳоҷирон низ аз Русия пул мефиристанд. Ҳоло Русия механизми ҳисобу китоби байни давлатҳоро аз доллару евро ба рубл гузаронида истодааст. Ин ба бонкҳо ва тоҷирони маҳаллие, ки ба додугирифти байнулмилалӣ сарукор доранд, бетаъсир намемонад. Инҷо хавфҳо ҳам зиёд мешаванд.”
Русия манбаи даромади садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аст ва садҳо миллион долларе, ки муҳоҷирони тоҷик мефиристанд, манбаи зиндагии оилаҳои онҳо дар кишвар аст. Аз ин рӯ, мавзӯи пасту баланд шудани қурби рубл барои бештари оилаҳо дар Тоҷикистон муҳим дониста мешавад.