Театри опера ва балети Тоҷикистон бо театри мусиқӣ ва драмавии Самарқанд барои панҷ соли оянда санади ҳамкорӣ имзо карданд.
Баъд аз фосилаи чиҳилсола ҳунармандони Самарқанд дубора меҳмони Душанбе шуда, як ҳафта барномаҳои мухталиф намоиш доданд.
Камолиддин Сайфиддинов, мудири Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, рӯзи 29-уми май гуфт, “дар театри мо бахши омӯзиши ҳунармандони ҷавон фаъол шуд, ки онро як мутахассиси итолиёвӣ роҳбарӣ мекунад. Қарор шуд, дар оянда ҳунармандони ҷавони театри Самарқанд дар ин омӯзишгоҳ ҳунари худро сайқал бидиҳанд.”
Масъулони театри Самарқанд мегӯянд, аз ин ба баъд ҳунармандони тоҷикистониву узбекистонӣ метавонанд, дар ҳар вақти барояшон муносиб ба шаҳрҳои ҳамдигар сафари ҳунарӣ анҷом диҳанд.
Ба қавли Искандар Султонов, мудири театри Самарқанд, “тибқи созишнома, мо метавонем, ҳар моҳ ё дар се моҳ як дафъа бо сафари ҳунарӣ ба шаҳрҳои ҳамдигар сафар кунем. Гузашта аз ин, тавофуқ шуд, ки театрҳои мо метавонанд зимни таҳияи намоишномаҳои худ аз зарфияти ҳунармандон ва коргардонҳои ҳамдигар истифода кунанд”.
Дар барномаи “Шоми дӯстӣ”, ки шоми 29-уми май дар Душанбе баргузор шуд, ҳунармандони узбеку тоҷик бештар таронаҳои машҳури классикӣ ва муосири ду кишварро иҷро карданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад