Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, аз мансаб барканор шуд.
Дар фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 30-юми май сабаби тасмимро “кирдоре” номидаанд, ки “шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аммо тафсилот надодаанд.
Бо айни далел Рустам Муҳаммадсаидзода, додраси Додгоҳи Хуҷанд ва Раҳмиддин Раҳимзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе низ аз кор ронда шудаанд.
Маълум нест, ин афрод боздошт шудаанд ё не.
Манобеи Радиои Озодӣ ҳафтаҳо пеш хабар дода буданд, ки Ҳомидҷон Муҳаммадзода аз моҳи апрел боз дар ҷойи кораш нест ва ба ришвагирӣ муттаҳам асту бо як додрас ва як вакили мудофеъ дастгир шудааст.
Феълан дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас кор мекунанд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.
Ҳомидҷон Муҳаммадзода 25-уми ноябри соли 2021 раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд таъин шуда буд. Аз соли 1996 то 2000 ҳам дар ин мансаб буд.
Дар гузашта дар мақомҳои раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раиси Додгоҳи вилояти Суғд, раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Спитамен кор кардааст. Судяи тахассуси дараҷаи якум буда, ордени "Шараф" дорад.
Таъину барканории додрасҳо бо фармони президент амалӣ мешавад. Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон моҳи декабри соли 2020 ин нуктаро танқид карда, гуфта буд, ки "додрасҳо дар Тоҷикистон мустақил ва беғаразона ҳукм содир намекунанд".
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша низоми адлияи худро одилона шумурдааст. Кумисюн кам будани маоши додрасҳоро аз нуктаҳои сусти низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон ном бурда буд.