Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 29-уми май бо сафари расмӣ ба Эрон рафтааст.
Мақомот тафсилоти барномаи сафарро нагуфтанд. Дафтари матбуоти президент навишт, оқои Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, додситони кул, вазирони энерживу иқтисод ва чанд мансабдори дигар ҳамроҳӣ доранд.
Тайи моҳҳои охир равобити Тоҷикистону Эрон дигарбора "ҷон" гирифтааст.
Ду кишвар аз соли 2015 муносибати хуб надоштанд.
Тоҷикистон ошкору ниҳон мақомоти Эронро ба пуштибонӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва қатли афроди саршинос дар солҳои 90-ум муттаҳам кард. Теҳрон дар навбати худ Душанберо масъули гум шудани миллионҳо доллари Бобаки Занҷонӣ донист.
Эрон дар соли 1991 якумин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро эътироф кард ва то соли 2013 яке аз умдатарин шарикони иқтисодии Душанбе дониста мешуд.
Президенти Тоҷикистон дар гузашта ба Эрон сафарҳои зиёд анҷом медод ва робитаҳои ду кишвар ба вижа дар замони ҳукумати Муҳаммади Хотамӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод тақвият ёфта буд. Дар замони раҳбарии Ҳасани Рӯҳонӣ аз соли 2013 то 2021, президент Раҳмон ҳеч гоҳ ба Эрон нарафт.