Узбекистон содироти газ ба Чинро дубора оғоз кардааст

Акс аз бойгонӣ.

Узбекистон содироти газро ба Чин, ки аввали соли равон ба хотири қонеъ кардани талаботи дохилӣ қатъ карда буд, дубора аз сар гирифтааст. Дар ин бора Eurasianet.org хабар медиҳад.

Ҳукумати Узбекистон дар бораи азсаргирии дубораи содироти газ ба Чин хабар надодааст. Аммо маълумоти Чин нишон медиҳад, Тошканд аз тариқи лӯлаи Осиёи Марказӣ-Чин, ки аз Туркманистон оғоз шуда, тавассути Узбекистону Қазоқистон мегузарад, дубора газ содир мекунад.

Бино ба омори Раёсати гумруки Чин, Узбекистон дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ ба он кишвар ба маблағи 132,8 миллион доллар газ содир кардааст, хабар медиҳад сомонаи русии Neftegaz.ru. Ҳаҷми гази содиршуда гуфта намешавад.

Туркманистон ба маблағи 2,87 миллиард доллар ва Қазоқистон бар ивази 270,6 миллион доллар ба Чин газ фурӯхтаанд.