Наздикони як корманди ОМОН, дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ӯро ҷустуҷӯ доранд.
Онҳо мегӯянд, Сангалӣ Камолов рӯзи 20-уми майи имсол бо баъзе аз ҳамкоронаш ба самти ноҳияи Рӯшони ВМКБ рафт, "аммо дар роҳ бедарак шуд".
Мақомот ба наздиконаш гуфтаанд, ӯ шаби 21-уми май ба дарё ғарқ шуд, вале онҳо бовар надоранд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то кунун дар бораи нопадид ё ғарқ шудани кормандони ОМОН ба таври расмӣ иттилоъ надодааст.
Ба нақли пайвандони Сангалӣ Камолов, бо ӯ як нафари дигар низ ғарқ шудааст, вале маълум нест дар дохили мошин дар умум чанд афсари ОМОН буданд ва сарнавишти дигарон чӣ шуда.
Як манбаи наздик ба мақомоти интизомӣ дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми май иддао кард, ки "7 корманди нерӯҳои таъиноти махсуси ВКД дар наздикии Рӯшон бенишон шудаанд".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: ВКД 46 сокини Рӯшонро "аъзои гуруҳҳои ҷиноӣ ва террористӣ" номид; 7 афсари ОМОН ва 17 мусофир бенишон шудаандШӯҳрат Камолов, бародари Сангалӣ Камолов, рӯзи 23-юми май дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хабари ғарқ шуданаш чандон бовар надоранд.
"Муовини вазир даъват кард ва хабар дод, ки Сангалӣ бо мошин ба дарё ғарқ шудааст. Изҳори ҳамдардӣ кард. Борҳо ба вазорат занг зада, хоҳиш кардем, ки аз ҷараёни ҷустуҷуи ӯ огоҳ шавем, вале посух надоданд," – гуфт ӯ.
Ба нақли бародараш, Сангалӣ Камолов як сол пеш ба ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ ворид шуда, ҳамчун ронанда кор мекард.
Вазъ дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 17-уми май ва баъди он печида шуд, ки гуруҳе аз сокинон ба кӯчаҳо баромада, роҳи низомиёнро аз Душанбе ба самти Хоруғ бастанд.
Мақомот 18-уми май гуфтанд, дар онҷо амалиёти "зиддитеррористӣ" мегузаронанд ва норозиёнро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номиданд, ки ба гуфтаи онҳо аз хориҷ барои ноором кардани кишвар дастур мегирифтанд.
Мардум мегӯянд, ҳеч аслиҳае надоштанд ва танҳо ба пуштибонии ҳуқуқи худу пешгирӣ аз даргирии бештар дар Хоруғ роҳро баста буданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ноҳияи Рӯшон 9 кас, аз ҷумла 1 сарбоз кушта ва 24 кас, аз ҷумла 13 сарбоз захмӣ шудаанд. Сокинони маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, 21 ҷасад гирифтанд. Баъзе аз пойгоҳҳо дар бораи 25 кушта гузориш доданд.
Дар баёнияи Созмони Милали Муттаҳид омадааст, манобеи муътамад теъдоди кушташудагонро бештар аз 40 нафар гуфтаанд. Беш аз сад нафар дастгир шуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дипломати баландпояи СММ аз Тоҷикистон хост, ба саркӯб дар Бадахшон хотима диҳад