Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷоновро дар зиндони занона дар Норак ҷойгир кардаанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ӯро 7-уми апрел бо гуноҳи "тарафдорӣ аз ақидаҳои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнуи "Гурӯҳи 24" ва наҳзати исломӣ" ба 6 сол зиндон маҳкум карда буд. Вакили мудофеъ аз ҳукм норозигӣ кард, вале худи Шоҳида Маҳмадҷонова аз шикоят кардан ба зинаи болоӣ худдорӣ варзидааст.
Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи "Абдураҳмон 09" дар хориҷ аз Тоҷикистон блогерӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, модарашро ҳамин ҳафта ба зиндони шаҳри Норак бурдаанд.
Маҳмадҷонова 3-юми феврали имсол аз сӯи маъмурони Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат боздошт шуд ва то ин дам дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешуд.
Ба 6 сол зиндон маҳкум шудани Шоҳида Маҳмадҷонова танқидҳои зиёдро дар дохилу хориҷи кишвар ба миён овард. Иддае навиштанд, ки ӯро барои танқидҳои писараш ҷазо доданд. Мақомот ин гуфтаҳоро рад карданд.