Кормандони сафорати Қирғизистон дар Душанбе рӯзҳои 6 ва 7-уми май бо шаҳрвандони кишварашон, ки дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, мулоқот кардаанд.
Ба огаҳии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, дипломатҳо бо чаҳор шаҳрванди ин кишвар, ки дар маҳбасҳои шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе ва ноҳияи Ёвон нигаҳдорӣ мешаванд, мулоқот ва суҳбат кардаанд.
Ҳамчунин маҳбусони қирғиз дар ҷараёни ин мулоқот тавонистаанд, ки бо наздикону пайвандони худ видеоӣ суҳбат кунанд.
Расонаҳо моҳи феврали соли равон хабар доданд, ки соли гузашта 39 шаҳрванди Қирғизистон барои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи Суғд рӯзи 15-уми феврал дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки “соли 2021 барои убури ғайриқонунии марз 39 нафар шаҳрвандони Қирғизистон, аз рӯйи 27 парванда бо моддаи 335, муҷрим шинохта шуданд ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд."
Қирғизистон пас аз муноқишаи моҳи апрели соли гузашта марзҳояшро комилан ба рӯи Тоҷикистон баст ва ду кишвар даҳҳо шаҳрванди ҳамдигарро бо ҷурмҳои гуногун боздошту зиндонӣ кардаанд.