Бино ба арзёбиҳои Созмони Ҷаҳонии Озуқаворӣ, қимати чаканаи маводи аслии хӯрокворӣ дар Тоҷикистон муътадил мондааст ва баръакс қимати тухм дар 8 бозор аз 4 то 18 дар сад поин омадааст.
Зимистони имсол агар як дона тухм то якуним сомонӣ фурӯхта мешуд, дар рӯзҳои Иди Рамазон як дона тухм дар бозорҳои Душанбе 1 сомонӣ қимат дошт. Арзёбиҳо нишон додаанд, ки қиматҳо дар ҳафтае, ки гузашт дар муқоиса ба нархҳои чаканаи маводи асосии ғизоӣ баландтар будаанд.
Масалан, қимати орд, равғани рустанӣ мутаносибан 6 ва 2 дар сад баландтар будаанд. Ба сабаби расидани баҳору кам шудани захираҳо, қимати картошка, пиёз ва сабзӣ гаронтар шудаанд ва бахусус дар бозори ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб, ки онҷо қимати картошка то 33 дар сад ва қимати сабзӣ то 27 дар сад боло рафтааст.
Созмони Ҷаҳонии Озуқаворӣ, ки ба Тоҷикистон дар таъмини амнияти ғизоӣ ва таъмини кӯдакони мактабхон бо ғизо кумак мекунад, қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистонро пайваста таҳқиқ ва арзёбӣ мекунад. Қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон, ки аҳолии камбизоат зиёд дорад, пас аз ҷанги Русия дар Украина мисли дигар кишварҳои ҷаҳон боло рафт.