Посух ба чанд "чаро?"-и тоҷикон дар бораи қурби рубл. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Чаро қурби рубл дар Бонки Миллии Тоҷикистон дигар асту дар бонкҳои тиҷоратӣ дигар? Ва чаро бонкҳо рубли фиристодаи муҳоҷиронро бо арзиши поинтар мехаранд? Чанд муддат боз посухи ин суолҳоро аз мо мепурсанд. Мақомот омода нашуданд, дар назди дурбин гап зананд. Баҳром Шарифов, корманди пешини бонк ва доктори илми иқтисод, рӯзи 6-уми май вазъро шарҳ дод.

Баҳром Шарифов: "Бонки Миллии Тоҷикистон қурби расмии асъорро муайян мекунад. Дар бонкҳои тиҷоратӣ қурби асъори хориҷиро бар асоси қонунҳои бозор ба расмият медароранд. Яъне, ин аз қурби расмӣ каме фарқ дорад. Пас аз ҷанги Русия дар Украина, қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон, дар муқоиса ба бонкҳои тиҷоратӣ, каме болотар аст. Ин вазъ дар байни сокинон, аз ҷумла муҳоҷирон, суолҳоеро ба миён овард. Чаро чунин мешавад? Бонкҳо асъори хориҷиро мехаранд ва бояд бифурӯшанд. Тоҷирон барои овардани молу маҳсулот асъори хориҷиро аз бонкҳои тиҷоратӣ мехаранд. Агар онҳо асъори хориҷиро бо қурбе, ки Бонки Миллӣ таъин кардааст, бихаранд, аз тиҷорати худ фоидаи ночиз мебинанд. Воридоти маҳсулот ҳам ба кишвар кам мешавад. Вақте мол кам омад, нархи он боло меравад ва таъсираш ба мардум мерасад. Бо назардошти ин ва талаботи бозор, бонкҳои тиҷоратӣ асъори хориҷиро аз қурби расмӣ поинтар мефурӯшанд."

Радиои Озодӣ: Механизми муайян кардани қурби асъор чӣ гуна сурат мегирад?

Баҳром Шарифов

Баҳром Шарифов: "Аз нуқтаи назари низомномае, ки Бонки Миллии Тоҷикистон дорад, қурби мубодилаи асъор тибқи талабот муайян карда мешуд. Ҳоло бо назардошти вазъияти Русия ва бозори асъори он, ин чиз бештар на тибқи қонунҳои бозор, балки бар асоси қарорҳои маъмурӣ сурат мегиранд. Аз ин нуқтаи назар, чунин норозигиҳо пайдо мешаванд.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло баъзе аз сокинон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки рубли русӣ бар асоси қурби таъинкардаи Бонки Марказии Русия боло рафтаааст, аммо дар Тоҷикистон қариб бетағйир мондааст. Онҳо инро бештар аз рӯи низоми мубодилавии интернетӣ баҳо медиҳанд, оё ин дуруст аст?

Баҳром Шарифов: "Дар ҳоли ҳозир, замони муташанниҷ будани бозори ҷаҳонии асъор, қурби расмии сомонӣ нисбати рубли русӣ дар асоси қурби таъинкардаи Бонки Марказии Русия гузошта мешавад. Мо медонем, ки баъд аз ҳодисаҳои ахир миёни Русия ва Укрина дар моҳи феврали имсол, қурби доллари амрикоӣ нисбати рубли русӣ хеле поин рафт. Лекин бо назардошти қабули қарорҳо дар бозори асъор дар Русия дигаргуниҳои зиёд ворид шуданд. Ҳоло онҳое, ки мегӯянд, қурби рубл дар низоми мубодилавии интернетӣ боло рафтааст, бояд донанд, ки ҳамаи онҳо ин маълумотро аз Бонки Марказии Русия мегиранд. Бонки Марказии Русия асосан қурби рублро аз ҳисоби фурӯши газу нафт муайян мекард, ҳоло вазъ каме тағийр кардааст ва рубли русӣ қобилияти харидорияш паст шудааст. Бонки Марказии Русия қурби асъори ҳамаи кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистонро муайян мекунад. Агар динамикаи тағйирёбии қурби рубли русиро бинед, Бонки Миллии Тоҷикистон айнан ҳамонро истифода мекунад. Аммо ин дар бонкҳои тиҷоратӣ фарқ дорад."

Навори суҳбатро дар барномаи "Ахбори Озодӣ" бинед:

Радиои Озодӣ: Мизоҷони бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон аксар муҳоҷиронанд ва иддао мекунанд, ки гуё созмонҳои молӣ аз маблағҳои фиристодаи онҳо қисмеро аз худ мекунанд. Оё ин имкон дорад?

Баҳром Шарифов: "Дар ҳоли ҳозир бонкҳои тиҷоратӣ аз гузаронидани амалиёти асъорӣ фоидаи зиёд намегиранд ва талош мекунанд, ақаллан ҳам набинанд. Албатта, фаҳмидани ин осон нест, аммо бояд як чизро гӯям, ки вақте қурби рубли русӣ нисбати сомонӣ поин рафт, интиқоли он коҳиш ёфт. Ҳоло ки Бонки Миллӣ қурби рублро боло бурд, харидории маблағҳое, ки аз тарафи муҳоҷирон фиристода мешавад, назар ба аввали сол бештар шудааст."

Радиои Озодӣ: Дар гузашта чунин нофаҳмиҳо зиёд набуданд, чаро?

Баҳром Шарифов: “5-6 сол пеш бештари муҳоҷирон ба Тоҷикистон доллар мефиристоданд. Ҳоло 90 дарсади онҳо ба ватан рубли русӣ мефиристанд. Вақте таҳримҳо ба иқтисоди Русия таъсир мерасонанд, ин ба мо низ бетаъсир намемонад. Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибуҳрониро қабул кардааст ва дар пайи ин муҳоҷирон натанҳо ба Русия, балки ба кишварҳои дигар низ хоҳанд рафт. Ин метавонад, вазъи бозори асъорро дар кишвар муътадил кунад."