Хешовандон бозбинии ҳукми Аловатшоевро хостанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Наздикони Амриддин Аловатшоев, як чеҳраи шинохта дар миёни ҷавонони Бадахшон, ки ба 18 сол зиндон маҳкум шудааст, бозбинии ҳукми ӯро хостанд. Бародараш Бахтиёр Аловатшоев гуфт, аризаи шикоятии онҳо ба Додгоҳи Бадахшон супурда шуд. Ҳукми ӯ 29 апрел эълон шуд. Мақомот то ҳол тафсилот надоданд.