4 нафар Тоҷикистонро дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон намояндагӣ мекунанд

Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки рӯзҳои 6-21 май дар шаҳри Истамбули Туркия бо иштироки беш аз 400 муштзан аз 93 кишвар баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар чаҳор варзишгар - Сумайя Қосимова (-48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50 кг), Миҷгона Самадова (-57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63 кг) - дохиланд.

Рақобатҳо миёни занон дар қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи 12 дараҷаи вазнӣ сурат мегирад: 48 кг; 50 кг; 52 кг; 54 кг; 57 кг; 60 кг; 63 кг; 66 кг; 70 кг; 75 кг; 81 кг; +81 кг.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло, 100 ҳазор доллар мегиранд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.

Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон соли 2001 дар шаҳри Скрэнтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бриҷтоун (Барбадос), Синҳуандао (Чин), Ҷеҷу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона (Қазоқистон) ва Улан-Удэ (Русия) мизбони мусобиқаи ҷаҳонӣ буданд.

Зимнан, ягона медали Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Мавзуна Чориева соли 2012 дар шаҳри Синҳуандаои Чин ба даст овардааст.

Дар доираи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Туркия, ҳамчунин Конгресси ғайринавбатии Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) барпо мегардад, ки дар он роҳбар ва аъзои Шӯрои мудирони ин ташкилоти ҷамъиятӣ интихоб мешаванд. Ба вазифаи президенти AIBA номзадии ду нафар – Умар Кремлёв (раҳбари феълии созмон аз Русия) ва Борис ван дер Ворст (Нидерланд) – пешбарӣ шудаанд.