Намози ид дар Тоҷикистон имсол бе риояи фосилаи ҷисмонӣ ва бастани ниқоб баргузор гашт. Ин қоидаҳо акнун ба меросу хотираҳои давраи ҳамагирии СОVID-19 табдил меёбанд, вале масъалае, ки мисли солҳои гузашта сари забонҳост, идгардаки кӯдакон аст, ки расман манъ нашудааст, вале тавсия дода намешавад. Ҳамчунин фитри рӯза акнун ба сабаби иштироки мақомот дар ҷамъоварии он ба масъалаи дигар табдил ёфтааст.
“Дар Рамазон теъдоди хайрхоҳон зиёд шуд”
Ҳазорон нафар субҳи 2-юми май дар масҷиди марказии Душанбе намози идона гузоштанд. Баъди ду соли пандемия, намози ид бе фосилагирӣ ва ниқоб ҷараён гирифт.
Асадулло Зикрихудоев, роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди хайрхоҳон дар моҳи Рамазон назар ба дигар моҳҳо бештар мешавад. “Дар моҳи Рамазон мардуми хайрхоҳ маъюбонро бисёр дастгирӣ мекунанд,”- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муфтӣ: фитри рӯзаро комиссияи махсус тақсим кард
Як баҳси асосӣ дар моҳи Рамазони имсола фитри рӯза буд. Дар чандин масҷидҳои кишвар аз намозгузорон хоста шуд, онро ба масҷидҳо ё ҳукумати ҷамоатҳо супоранд. Намояндагони мақомот ва ҳам имомҳо дар масҷидҳо эълон карданд, ки рӯйхати оилаҳои камбизоат ва маъюбону ятимонро дар даст доранд ва фитри рӯзаро ба афроди ниёзманд мерасонанд. Вале бархеҳо инро нодуруст меҳисобанд.
Абдувоҳид Сангинов, сокини шаҳри Душанбе, ки дар масҷиди марказӣ бо мо суҳбат мекард, гуфт, бигзор ҳар нафар фитри рӯзаашро ба касе хоҳад бидиҳад. Худи Сангинов мегӯяд, фитри рӯзаи оилаашро ба як зани бешавҳар дод, ки ду фарзанд дорад. Мақомот намегӯянд, ки аз ҳисоби фитри рӯза дар тамоми кишвар чӣ қадар маблағ ҷамъ шудааст. Ба гуфтаи муфтии Тоҷикистон, танҳо дар масҷиди марказии Душанбе аз ҳисоби фитри рӯза 15 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ ва ба 60 оилаи камбизоат тақсим шудааст.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломӣ ва ҳам муфтии кишвар мегӯяд, тақсими маблағҳои фитри рӯза шаффоф аст.
“Дар ҳама масҷид комиссияи махсус аст, ки раиси маҳалла ҳам ба он шомил аст. Раиси маҳалла рӯйхати оилаҳои ниёзмандро пешниҳод мекунанд, фаъолони маҳалла бо аъзое, ки дар комиссия ҳастанд, кӯмакҳоро бурда ба оилаҳои камбизоат тақсим мекунанд.”- таъкид кард Абдулқодирзода.
Тибқи таъиноти Шӯрои уламо барои ҳар узви оила бояд 7 сомонӣ фитри рӯза дода шавад.
Идгардак бошад ё не?
Ҳамасола бо фарорасии иди Фитр ва иди Қурбон баҳси идгардак дар Тоҷикистон доғ мешавад. Имсол низ атрофи мавзуи идгардак дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои густурдае ба миён омад. Бархеҳо инро як чизи хуб медонанд ва мегӯянд, набояд кӯдаконро аз хурсандии идона маҳрум кард. Ҳарчанд бархеи дигар бар ин назаранд, ки идгардак дар кӯдакон эҳсоси талбандагиро зиёд мекунад.
Мастура Қосимова, сокини шаҳри Душанбе субҳи имрӯз барвақт бедор шуд. Мегӯяд, наберагонаш бетоқатӣ карданд, ки зудтар либоси идона пӯшида ба идгардак раванд. Қосимова танқидҳо дар бораи идгардакро қабул надорад. “Ин гадоӣ нест. Аз қадим мондагӣ аст.”
Мақомот дар посух ба ин назарҳо мегӯянд, барои бехатарии кӯдакону наврасон бояд идгардак танзим карда шавад. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломӣ рӯзи 2-юми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, на ҳукумат, на идораҳои динӣ ва на масҷидҳо идгардакро манъ накардааст.
Ба таъкиди муфтӣ, ҳадаф аз таъкидҳои зиёд дар ин бора назорати кӯдакону наврасон дар вақти ид аст. “Худое накарда, кӯдакон дар ин рӯзи хурсандӣ ба кадом садама, ё нохушиҳое рубарӯ нашаванд. Мақсад ин аст. Ё инки хӯрокҳои омехтаеро нахӯранд ва бемор нашаванд. Ин ҳама таъкид барои он аст, ки кӯдакон зери назорат ва хурсанд бошанд.”
Сарфи назар аз баҳсҳо дар атрофи идгардак аз субҳи барвақт кӯчаҳо пур аз кӯдакону наврасон буд. Онҳо бо нидои “ид муборак” ба манзилҳо даромада, савғотӣ мехостанд. Иди Фитр ба мисли дигар идҳо барои мардум ташвишҳое ҳам дорад. Аз ҷумла якбора боло рафтани нархи маҳсулот дар бозорҳо. Вале сарфи назар аз ин аксарият талош мекунанд ин иди барои мусалмонон муқаддасро ба руҳияи хосе ҷашн гиранд.