Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҳукумат ё ба камбизоат. "Фитри рӯза"-ро ба кӣ бояд дод?


Пас аз намози Иди Фитр. Акс аз соли 2021
Пас аз намози Иди Фитр. Акс аз соли 2021

Намояндагони ҷамоату маҳаллаҳо дар Тоҷикистон ба ҷамъоварии фитри рӯзаи мардум пардохтаанд.

Онҳо мегӯянд, рӯйхати оилаҳои камбизоат ва маъюбону ятимонро дар даст доранд ва "Фитри рӯза"-ро ба афроди ниёзманд мерасонанд. Дар бархе аз масҷидҳо низ аз мардум даъват шудааст, ки маблағи закоти худро ба мақомоти маҳаллӣ супоранд.

Аммо бархе сокинон бар инанд, ки онҳо худ шахсони камбизоати макони зисташонро беҳтар мешиносанд ва аз дигар тариқ расонидани закоту "Фитри рӯза"-ро зарур намеҳисобанд. Бархе дигар ба шаффофияти тақсими маблағҳои ҷамъшуда бовар надоранд ва таъкид мекунанд, ки ин кор аз роҳи иҷборӣ низ сурат мегирад.

"Фитри рӯза"-ро ба кӣ бояд дод?

Намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим мегӯянд, аз сӯи ин ниҳод дар мавриди ҷамъоварии закоту "Фитри рӯза" дастуре нашудааст.

Тухтабой Тоиров, иҷрокунандаи раиси ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 26-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "дастуру супориш аст, ки закоту "Фитри рӯза" ҷамъоварӣ ва ба ниёзмандон расонида шавад."

Ӯ таъкид намуд, ки дар мавриди додани закоту "Фитри рӯза" бо соҳибкорони маҳаллӣ аллакай ҳамсуҳбат шудаанд. "Дар чанд маҷлиси ноҳия гуфтанд, ки афроди ниёзмандро рӯйхат мекунеду маълумотро ба мо хаттӣ пешниҳод мекунед. Иимомхатибҳо қариб ҳар шаб дар масҷид инро такрор мекунанд, ҳар шаб такрор ба такрор гуфта истодаанд. Гурӯҳҳои корӣ ташкил кардагӣ, ҳар куҷое бошад, дар мавриди додани закоту "Фитри рӯза" ташвиқоту тарғибот бурда истодаем,"--афзуд, ӯ.

Шӯрои уламо имсол нисоби закотро 35 ҳазор сомонӣ муқаррар кардааст ва онҳое, ки ин миқдор маблағ доранд, бояд 875 сомонӣ закот диҳанд. "Фитри рӯза" барои ҳар узви оила 7 сомонӣ таъин шудааст, ки маъмулан он ба камбизоатон дода мешавад.

Баҳси риояи адолат

Ҳамсуҳбатони мо дар маҳаллаҳо гуфтанд, имомхатибони масҷидҳо ва раисони маҳалла масъули ҷамъоварии фитри рӯза буда, "Фитри рӯза"-и мардум дар идораи ҷамоат ҷамъ шуда, сипас масъулон онро ба хонаводаҳои фақир тақсим мекунанд.

Гоҳе сокинон мехоҳанд донанд, ки маблағи ҷамъшудаи "Фитри рӯза" ба куҷо меравад ва то кадом андоза раванди тақсими он одилона аст. Рӯҳониён дар маҳалл мегӯянд, маблағҳо ба камбизоату ниёзмандони деҳа, ба ятимхонаҳо супурда хоҳад шуд.

Ҳайдар Сафаров, имхатиби масҷиди маҳаллаи Чаҳордаҳуми шаҳри Бохтар мегӯяд, ният доранд, рӯзи панҷшанбеи 28-уми апрел кумакҳои ҷамъшударо ба камбизоатони атрофи ин масҷид тақсим кунанд. Ӯ гуфт, расонидани "Фитри рӯза"-и мардум ба ниёзмандон зери назари комиссияи махсус сурат мегирад. "Барои тақсими дурусту шаффофи кумакҳо ба ниёзмандон комиссия ташкил шудааст, ки дар ҳайати он раиси маҳалла, намояндаи ҳукумат ва намояндагони масҷид вообаста шудаанд,"--гуфт ӯ.

Ҳайдар Сафаров ҳаҷми маблағҳои ҷамъшуда ва шумори хонаводаҳои камбизоатро нагуфт ва танҳо таъкид намуд, ки ҳоло ин дақиқ набуда, дар рӯзи тақсимот маълум хоҳанд кард.

Маъракаи ҷамъоварии закот ва "Фитри рӯза" дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ба миён гузштааст. Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми апрел дар саҳифаи фейсбукии худ савол гузошт, ки "Шумо закоту садақаи фитри рӯзаро ба кӣ медиҳед?" Посухҳо мухталиф буданд.

Корбаре бо номи Рустам Исоев ҷавоб додааст, ки "Дар ноҳияи Рашт ба раиси маҳалла медиҳӣ маҷбуран, раиси маҳалла ба чамоҷат месупорад, давомашро намедонам."

СМС ба волидайни хонандагон

Муҳайё Ширинова, корбари дигаре навиштааст, "ин нодуруст аст. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад, фитру закоти худро ба ниёзманд диҳад, на ба мақомоти давлатӣ .Бас аст, мардумро фиреб додан, аз пои мурча кабоб мегиранд, дигар сер нашуданд."

Баҳсҳо атрофи ҷамъоварии маблағи закоту "Фитри рӯза" бори нахуст набуда, дар чанд соли ахир бо поён ёфтани моҳи Рамазон бештар садо медиҳад. Баъзе аз сокинон чунин амалро дахолат ба зиндагии шахсӣ унвон карда, мегӯянд, ҳаққи онҳост, ки садақаро ба кӣ диҳанд ва ба кӣ надиҳанд.

Афшин Муқим, сухангуи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, рӯзи 26-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, вобаста ба масъалаи ҷамъоварии закоту фитри рӯза аз ҷониби ин ниҳод дастури мушаххасе нашудааст. "Агар дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ чунин иқдом сурат гирифта бошад ҳам, он наметавонад иҷборӣ бошад. Ходимони дин ҳам дар мавъизаҳои худ бо такя ба муқаррароти шариат тавсия додаанд, то садақаву хайри худро сокинон ба фақирону камбизатон расонанд"--афзуд, ӯ.

Мақомот маблағи ҷамъшудаи закоту фитри рӯзаи мардумро, ки барои ниёзмандон пешбинӣ шудааст, эълон накардаанд. Чаҳор сол пеш Кумитаи дини Тоҷикистон эълон карда буд, ки аз ҳисоби "Фитри рӯза" дар қаламрави кишвар 42 миллион сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуда, ба ниёзмандон расонида шуд. Имсол бо таваҷҷӯҳ ба афзоши аҳолӣ ҳаҷми маблағи ҷамъшуда аз ҳисоби "Фитри рӯза"-ро метавон бештар аз 50 миллион сомонӣ тахмин зад.

Намояндагони Кумитаи дин мегӯянд, феълан чунин оморро надоранд ва он танҳо баъди он ки аз мақомоти маҳаллӣ ба ин ниҳод гузориш ё ҳисоботи расмӣ мерасад, маълум хоҳад шуд.

Дар арафаи моҳи Рамазон дар баробари дигар идораҳо, дар баъзе мактабҳо низ тасмим гирифтаанд, волидони хонандагон дар кӯмак ба ниёзмандон саҳм гузоранд. Маъмурияти баъзе литсейю гимназияҳо бо ирсоли СМС-паёмакҳо аз волидони хонандаҳо хоҳиш намудаанд, аз тариқи онҳо ба ятимхонахо, хонаи маъюбону пиронсолон дар моҳи Рамазон хайр кунанд.

"Фитри рӯза", як навъ хайрест, ки хонаводаҳои рӯзадор ба сари ҳар нафар узви хонавода онро бояд бипардозанд. Мувофиқи таълимоти дини Ислом, бояд мардум "Фитри рӯза"-и худро ба шахсони фақир ва мискин бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG