"Модарам намехост..." Мадина гуфт, чӣ гуна ба майдони гуштӣ омад. ВИДЕО

Мадина ҳангоми тамрин

Мадина Рустамии 13-сола панҷ сол боз бо писарон гуштӣ мегирад ва дар ин муддат ба хона 50 медали тилову нуқра овардааст. Дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекунад. Модараш дар оғоз мухолифи варзишкории ӯ буд. Падараш ҳамеша ҳимоят кардааст.

Рустам Қурбонов, падари Мадина, мегӯяд, барои духтараш ҳама шароитро фароҳам овард. “Гоҳе модараш сахт мегирифт, ки ба машқу мусобиқаҳо набар. Мегуфт, духтар чиву гуштигирияш чӣ. Мерафт. Ҳар рӯз ба тамрин мерафт,” – нақл кард ӯ.

Модару духтар

Дар деҳае, ки Мадина зиндагӣ мекунад, толори варзишӣ нест. Мақомоти ноҳия ваъда додаанд, ки барояш толор месозанд.

Мадина барои машқ ҳар рӯз аз Восеъ ба Кӯлоб меравад. Мегӯяд, чизе монеи ӯ намешавад: “Хеле монеаҳо зиёд буданд. Аввал модарам. Ба ман иҷозат намедод, ки ба тамрин равам. Ба ҳамаи ҳамин сабр карда, ба инҷо расидам.”

Ҳамаи рақибони Мадина писаронанд. Чӣ дар толори варзишӣ, чӣ дар майдони гуштигирӣ. “Вақте ба ин навъи варзиш машғул шудам, дигар писар ё духтар будани рақиб аҳамият надорад. Фикри ман фақат дар тамрину пирӯзӣ аст,” – мегӯяд ӯ.

Акнун Мадина пеши худ мақсад гузоштааст, ки дар бозиҳои олимпӣ ширкат кунад. Ӯ бо ин ният дигар аз роҳи интихоб кардааш бозгаштанӣ нест.

Мадина як бародар ва чаҳор хоҳари дигар дорад. Ғолибиятҳои Мадина бародарршро маҷбур кард, тарки варзиш кунад. Баръакс, хоҳараш мехоҳад, пайрави ӯ бошад.

Дар Тоҷикистон баъзе аз духтарон ба гуштиву бокс ва футболу каратэ машғуланд, аммо шуморашон зиёд нест.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи шореҳон, онҳо баъди ташкили оила ва таваллуди фарзанд барои муддате аз мусобиқаву майдон дур шуда, сипас, масъулияти мураббиро мегиранд. Иддае дигар ба карйераи варзишии худ пурра нуқта мегузоранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рақобати Мадина бо писарон дар майдони гуштӣ