Дабири кулли Созмони Милал, Антонио Гутерреш, ҷанги Маскавро дар Украина маҳкум карду “бемаъно” хонд. Ин дар ҳолест, ки Русия амалиёти худро дар шарқи Украина бештар кардааст.
Гутерреш пас аз мулоқот бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, аз Маскав ба Киев рафт ва рӯзи 28-уми апрел шаҳраки Бучаву Бородянкаро дид. Ҷое, ки ҷасади садҳо нафарро бо осори шиканҷа ёфтаанд ва Созмони Милалу Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ ва чанде аз кишварҳо хоҳони таҳқиқи ҷинояти ҷанги Русия дар Украина шуданд.
“Ман аз тасмими Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ пурра пуштибонӣ мекунам ва аз Русия мехоҳам, ки бипазирад ва ҳамкорӣ кунад. Аммо вақте дар бораи ҷиноятҳои ҷангӣ суҳбат мекунем, фаромӯш накунем, ки ҷинояти бадтарин худи ҷанг аст. Ҷанг дар асри 21 бемаъност. Бад аст,” – гуфт дабири кулли СММ.
Бо вуҷуди далелҳои фаровон аз ҷиноятҳои ҷангӣ, Русия гузоришҳоро дар мавриди ҳадаф қарор додани ғайринизомиён рад кардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Рӯйхат дуруст аст, аммо куҳна." Тоҷикон дар куштори Буча даст доранд ё не? ВИДЕОВай пеш аз мулоқот бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар Твиттер навишт: “Мо ба тавсеаи ёриҳои башардӯстона ва берун овардани ғайринизомиён аз минтақаҳои ҷанг дар Украина идома хоҳем дод.” Ҳамзамон афзуд, поёни ҳарчи зудтари ҷанг ба фоидаи Украина, Русия ва ҷаҳон аст.
Дар ҳамин ҳол, Алексей Резников, вазири дифои Украина, мегӯяд, кишвараш ҳафтаҳои хеле сахтеро дар пеш дорад. Ӯ аз “вайронии бузург” дар ҳамлаҳои густурдаи Русия дар шарқи Украина ҳушдор дод.
“Русия талош дорад, ҳарчи зиёдтар ба Украина зарар расонад,” – гуфт рӯзи 27-уми апрел. Вазири дифои Украина дар ҳоле ин суханонро баён дошт, ки мақомҳои тақрибан 40 кишвар дар як пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Олмон бо ҳам дидор доранд.
Резников гуфт, дидори онҳо дар асл як “эътилофи воқеӣ аст, ки ҳадафаш на танҳо ба ҷавобгарӣ кашондани Кремлин, балки шикастани истибдоди Русия аст”, то ба гуфтаи ӯ, “бовар ҳосил шавад, ки ҷаҳони мутамаддин метавонад дар ин ҷанг пирӯз гардад.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ба сарашон тир задаанд." Ҷамъоварии ҷасадҳо дар Буча. ВИДЕОДар зимн, Вазорати дифои Бритониё рӯзи 28-уми апрел гуфт, бо он ки Русия киштиҳои бузурги ҷангии “Москва” ва “Саратов”-ро аз даст дод, ҳанӯз ҳам дар Баҳри Сиёҳ тавони ҳамла бар Украина ва шаҳрҳои соҳилии ин кишварро дорад.
Ин вазорат дар гузориши истихборотии худ гуфт, Русия дар Баҳри Сиёҳ 20 воситаи баҳрӣ, аз ҷумла киштиҳои зериобӣ дорад. Вале дар эъломияи вазорат омадааст, Русия муваққатан ҷойи васоити аз даст рафтаашро пур карда наметавонад, зеро Туркия тангии Босфорро, ки Баҳри Сиёҳ ва Мармараву Миёназаминро мепайвандад, ба рӯйи ҳама киштиҳои ҷангии ғайритуркӣ бастааст.
Пеш аз он кишварҳои ғарбӣ Русияро ба хотири қатъи газ ба ду кишвари узви НАТО – Лаҳистон (Полша) ва Булғористон – ба “боҷгирӣ” муттаҳам карданд. Нахуствазири Полша иқдоми Русияро “ҳамлаи мустақим” ба кишвараш хонд. Раиси Кумисюни Аврупо гуфт, кӯшиши Кремлин барои эҷоди ҷудоӣ байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дубора ба шикаст дучор шуд.